Рамазон Раҳимзода: Парчам рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли мамлакат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамро рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик унвон кард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки «Парчами давлатӣ рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик буда, имрӯзи моро бо ояндаи дурахшон мепайвандад ва миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ба он арҷу эҳтиром мегузорад. Зеро ҳифзи парчам ва эҳтиром гузоштан ба он нишони ҳувияти миллӣ ва ватандӯстдорӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ибтидои қабули Парчами давлатӣ ҳамеша онро муқаддас дониста, парафшон будани онро нишони зиндагии шоистаи хеш медонанд».
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониш, ҳувияти миллӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки ҷавонон бояд мафҳумҳои Ватан-Модар, муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дарк намоянд ва вобаста ба онҳо бо ҳувияти миллию ҳисси ватандӯстӣ бедору қавитар гарданд.
«Он арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ, ки бевосита бо ҷонбозиҳою заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ҷавононро водор менамоянд, ки давомдиҳандаи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат бошанд ва барои рушду ободӣ ва пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд»,-иброз дошт Р.Раҳимзода.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷавонони фаъол бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагии кишвар изҳор доштанд, ки ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Роҳбари Давлат ва шароити фароҳамшуда омодаанд ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тоҷикон аз қадим мардуми парчамбардору соҳибдавлат буда, Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасдиқ карда шудааст.
АКС: ВКД ҶТ








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






