Роҳбарони филиали ширкати «IRS» дар Тоҷикистон ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дидаанд

Ноябрь 9, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дида, 210 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишударо дар ҳолати омодабош қарор додаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб филиали ширкат 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр  сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намудааст.

Агар  бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмири таҷдиди роҳ дар авлавият бошад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш равона карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардид. Раванди кор дар ин самт ба таври зарурӣ роҳандозӣ шуда, дар минтақаи Варзоб масоҳати таъмиргардида 111759 метри мураббаъ ва асфалти сарфшуда 15496 тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, кормандони намояндагии ширкат дар минтақаи Зарафшон бояд 167580 метри мураббаъ роҳро таъмир мекарданд. Ба шарофати масъулиятшиносӣ ва истифодаи самараноки имконияти аз ҷониби роҳбарияти филиали ширкат фароҳамшуда нақша барзиёд иҷро гардида, бо харҷи 21480,2 тонна асфалти хушсифат 169305 метри мураббаъ роҳ таъмир шуд.

Зикр карда шуд, ки дар намояндагии вилояти Суғд низ таъмири роҳ дар сатҳи баланд амалӣ гардида, зиёда аз 15 километр роҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Илова бар ин қисматҳои алоҳида таъмири ҷорӣ шуда, дар маҷмӯъ 18588,1 тонна асфалт сарф гардид.

Айни замон кормандони филиали ширкат ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ дар авлавият қарор дорад. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақар дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Дар  филиали ширкат дар қисмати Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, 5600 тона қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум ва 30 техникаи махсус барои мавсими тирамоҳу зимистон захира ва омода мебошанд.

Бино ба гуфтаи масъулин, дар намояндагии ширкат дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна  ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шуда, 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.

АКСҲО: филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Ноябрь 9, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад