Рустами Эмомалӣ бо Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуданд

Ноябрь 25, 2021 17:22

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонсро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сӣ сол қабл барқарор шуда, равобити  мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  байни ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамкории байнипарламентиро аз омилҳои муассири тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат арзёбӣ намуданд.

Дар ин самт тақвияти робитаҳои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо палатаи болоии парламенти Британияи Кабир дар амалисозии иқдомҳои мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба афзалиятнок шуморида шуд.

Ҳамчунин зимни  мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва  илму маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, бахусус бо назардошти вазъи сиёсӣ дар Афғонистон зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳад ва тақвияти мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир таъкид карда шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2021 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд