Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 53-юми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи панҷоҳусеюми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.
Ҷаласаи мазкур дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шўрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шўрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко доир гардид.
Тибқи барнома Раиси Милли Меджлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон С.Гафарова, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон М.Ашимбаев, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова И.Гросу, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Т.Нарбаева ва Раиси Меджлиси Милли Генгеши Туркманистон Г.Маммедова бо суханони шодбошӣ баромад намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа як қатор санадҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби Ассамблея таҳиягардидаро, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод истифода карда шаванд, мавриди баррасӣқарор доданд.
Аз ҷумла, оид ба баррасии лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ», «Дар бораи донории узвҳо», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ғалла», Тавсияҳо оид ба ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ дар ҳуҷҷатҳои роҳнамоии қувваҳои мусаллаҳ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодаги неруҳои двлатҳои иштирокчии ИДМ, Тавсияҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ, Консепсия ва Асосҳои қонунгузории рушди устувор барои давлатҳои иштирокчии ИДМмубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






