Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 53-юми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд

Ноябрь 26, 2021 17:22

ДУШАНБЕ, 26.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи панҷоҳусеюми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

Ҷаласаи мазкур дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шўрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шўрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко доир гардид.

Тибқи барнома Раиси Милли Меджлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон С.Гафарова, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон М.Ашимбаев, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова И.Гросу, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Т.Нарбаева ва Раиси Меджлиси Милли Генгеши Туркманистон Г.Маммедова бо суханони шодбошӣ баромад намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа як қатор санадҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби Ассамблея таҳиягардидаро, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод истифода карда шаванд, мавриди баррасӣқарор доданд.

Аз ҷумла, оид ба баррасии лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ», «Дар бораи донории узвҳо», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ғалла», Тавсияҳо оид ба ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ дар ҳуҷҷатҳои роҳнамоии қувваҳои мусаллаҳ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодаги неруҳои двлатҳои иштирокчии ИДМ, Тавсияҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ,  Консепсия ва Асосҳои қонунгузории рушди устувор барои давлатҳои иштирокчии ИДМмубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2021 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд