Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳамоиши фарҳангӣ бахшида ба 110-солагии Сотим Улуғзода иштирок намуд

Ноябрь 30, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 30.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл бо ташаббуси мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Узбекистон бахшида ба 110–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар зодгоҳаш — деҳаи Варзики ноҳияи Чуст маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиши фарҳангӣ аз маконҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои адибони гузаштаи вилоят дидан намуда, дар маросими ифтитоҳи Китобхонаи ба номи С. Улуғзода дар дохили Маркази мадании деҳаи Варзик иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи фаъолияти адабӣ, илмӣ, тарҷумонӣ ва драматургии адиб ибрози андеша намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки чорабинии мазкур баҳри тақвият бахшидани робитаи дӯстии ду халқи бародар, ҳамсоя, ҳамфарҳанг — тоҷикон ва  Узбекҳо нақши муҳим мебозад.

А. Раҳмонзода пешниҳод намуд, ки Маркази мадании деҳаи Варзики ноҳияи Чуст ба номи Сотим Улуғзода гузошта шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳозирин ва роҳбарияти ноҳияи Чуст якдилона пазируфта шуд.

Зимни сафар роҳбари Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи ба номи С. Улуғзода беш аз 100 адад китобҳои бадеӣ тақдим намуд.

Сотим Улуғзода — нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мебошад.

Асарҳои мансури Сотим Улуғзода, аз ҷумла повести «Ёрони боҳиммат» (1947), романи «Навобод» (1953), повести «Субҳи ҷавонии мо» (1954), повести «Каҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1965), романи «Восеъ» (1967), достонҳои «Шоҳнома» (дар ду ҷилд, 1967), романи «Фирдавсӣ» ва повести «Ривояти суғдӣ» (1977) муаллифи худро ҳамчун нависандаи нобиғаю нотакрор ва яке аз саромадони насри тоҷик ба хонанда шинос менамоянд.

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» нисбат ба Сотим Улуғзода чунин изҳори андеша намудаанд:

«Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад.

Фаъолияти филмномаву драманависӣ ва тарҷумонии Сотим Улуғзода як саҳифаи дурахшони эҷодиёти нависанда ба шумор меравад. Вай аслан дар ин самти эҷодиёти худ ҳамон мавзӯи худшиносӣ, ҳақталошӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ, ҳимояи Ватан ва шарафи инсониро таҳким бахшида шоҳасарҳои адибони дунёро рӯйи саҳнаи театри тоҷик овард. Аз назари устод Улуғзода, таҳқиқи бадеии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст.

Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзғори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид.

Хидматҳои бузурги нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти навини тоҷик, тарбияти адибони ҷавон бо бисёр ордену медалҳои давлатӣ қадр карда шудааст. Бо амри Президенти мамлакат барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон нишони олии қадршиносии шахсияти эшон, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад. Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад».

АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон

Ноябрь 30, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАДРШИНОСИИ ҲУНАРИ АСИЛ». Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад
«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН». Ин асари таърихии Пешвои миллат бо забони кореягӣ рӯнамоӣ гардид
«ОБУ НОНАМ, ҶИСМУ ҶОНАМ, ОРМОНАМ, ТОҶИКИСТОН!». Ду шеъри шоир Камол Насрулло эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Он барои миллати тоҷик эҳёи навин, ҳосили хиради зотӣ ва подоши сазовори таърихӣ мебошад
«ЗИ ДУРИИ ЗАМОНАҲО РАСИДАЕМ…». Имрӯз аз қабули Суруди миллии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино барандаи Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ шуд
Ба китобхонаи вилоятии Хатлон 1000 китоб тақдим гардид
МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолият дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
Бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони соҳаи илм мукофотҳои давлатӣ супориданд
«ТОҶИ ШАРАФУ НИШОНИ МО, ИСТИҚЛОЛ!». Бахшида ба ин ҷашни фархунда дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«КИТОБ-ТАРБИЯТГАРИ МАЪНАВӢ». Таҳти чунин унвон дар Хуҷанд ҳамоиш баргузор шуд
Кормандони Кумитаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд