«САФОИ ДОНИШҶӮ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи маишӣ-хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт

Ноябрь 3, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 3.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хобгоҳи №6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бинои дуошёнаи Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии «Сафои донишҷӯ» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии «Сафои донишҷӯ» бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.

Зикр шуд, ки Маҷмааи маишии мазкур аз кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона ва ҳаммом бо буғхона иборат буда, барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, туҳфаи арзанда аст. Нуқтаҳои кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона, ҳаммом бо буғхона ва гӯшаи гиёҳҳои шифобахш, ки маҳсули Парки технологии донишгоҳ аст, дар шароити замонавӣ ба истифода дода шудаанд.

Зимни ифтитоҳи маҷмаа зикр шуд, ки дар партави иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон дар донишгоҳ бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Ҳамин тавр, дар робита ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи маҷмааи мазкур дар ошхонаи маҷмаа барои донишҷӯёни ятиму маъюб хони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд.

АКСҲО: ДМТ

Ноябрь 3, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад