Сафорати ҶТ дар ФР: афроде, ки бар асари сӯхтор дар вилояти Москва қурбон шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Афроде, ки бар асари сӯхтори 13 ноябр дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Москва қурбон ва захмӣ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар медиҳад дар саҳифаи Facebook-и худ Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тавре Сафорат иттилоъ медиҳад, маълумоте, ки дар як қатор воситаҳои ахбори оммаи (ВАО) Русия дар бораи гӯё қурбон ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари сӯхтори 13 ноябр дар бинои ёрирасоне дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Москва нашр гардид, асоси воқеӣ надорад.
Сафорати Тоҷикистон аз Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Москва маълум кард, ки қурбониён шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набудаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан якчанд ВАО-и Русия хабар дода буданд, ки 13 ноябр дар ноҳияи Солнечногорск ҳангоми сохтмони иншоот дар шаҳраки аҳолинишин сӯхтор ба амал омадааст. Ба навиштаи ВАО-и Русия, чор нафар коргарони хориҷӣ қурбон ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, ки эҳтимолан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
12 ноябр дар ҳодисаи дигаре, ки дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск рух дод, афроди номаълум вагонеро, ки дар он сохтмончиёни яке аз иншооти сохташаванда зиндагӣ мекарданд, оташ заданд.
Дар натича ду коргар қурбон ва 5 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин ҳодисаро шарҳ дод.
«Сафорат вобаста ба муноқишаи дар ноҳияи Зеларинск рухдода бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пайгирии он дар ҳамкорӣ мебошад», — гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорати ҶТ дар ФР.
Сафорат тазаккур медиҳад, ки ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур кормандони Сафорати ҶТ дар ФР ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.
«Ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия то ниҳояти ҳалли он ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад», — таъкид шудааст дар иттилоияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
АКС: саҳифаи Facebook-и Сафорати ҶТ дар ФР








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






