САМБО. Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев соҳиби медалҳои чемпионати ҷаҳон шуданд

Ноябрь 15, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Табрезшоҳ Парпишоев дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни 79кг ба гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ мушарраф шуд. Ӯ дар нимфинал аз варзишгари мизбон Фурқат Рӯзиев мағлуб гардид, хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Ҳамин тариқ, дастаи  мунтахаби самбои Тоҷикистон чемпионати ҷаҳонро бо се медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ анҷом дод. Тавре қаблан хабар дода будем, дар рӯзи аввали рақобатҳо дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг) ба гирифтани медали тилло, Хушқадам Хусравов (-64кг) ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.

Хотиррасон  мешавем, ки  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 12-14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  12 нафар – 11 мард ва як бону дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил дод. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза гирифтанд.

Акмалиддин Каримов нафари панҷум аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар намуди самбо ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон шарафёб мешавад. Соли 2005 Сайриддин Икромов, соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон шуда буданд.

Самбочиёни мо аз соли 1993 дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд ва то имрӯз 48 медал – 5 тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ ба даст овардаанд.

                                                                                                                                      АКСҲО: ТВ «Варзиш»

Ноябрь 15, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад