Ш. Исматуллозода: Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон пас аз Истиқлолият дуюмин воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик аст

Ноябрь 16, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани абармарди фарзона Эмомалӣ Раҳмон, ки дар чеҳрааш «фарри эзадӣ» муҷалло буд, пас аз Истиқлолият, дуюмин воқеаи сарнавиштсози таърихи навтарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, устоди ДМТ Ширин Исматуллозода изҳор дошт.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Ширин Исматуллозода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки дар осори пурғановати  насрӣ ва назмии  ниёгони мо ормонҳои ҳазорсолаи мардуми мутамаддини ориёинажод дар бораи сарвари одил ва давлати ҳуқуқбунёду мардумпаравар таҷассум ёфтаанд. Андешаи сарвари давлат ва давлатдорӣ дар хатсайри таърихии худ дар фазои фарҳанги мардуми ориёитабор давра ба давра интиқол ва интишор ёфта, дар ҳар давру замон бо тақозои вазъу шароити мавҷуда такмил ва тағйир пазируфта, то замони мо омада расидааст. Вале  новобаста аз ин таҳаввулоту тағйирот, ҳамаи ҳакимону адибони қадим ва асримиёнагӣ вуҷуди як сарвари одилу хирадмандро шарти муҳими бақо ва суботи ҷомеаю давлат донистаанд. Таҳқиқи назарияи ҷомеаи ормонӣ ва шоҳи одилу додгустар барои дарки симои маънавию ахлоқӣ, вазифаҳо, ҳуқуқу ваколатҳои сарвари давлат аз дигоҳи адабиёт ва фалсафаи классикии сиёсӣ-иҷтимоии тоҷик мусоидат мекунад. Ҳамин бахши арзишманди мероси фарҳангии ниёгон ҳамчун заминаи муҳими ташаккули сират, шахсият, ҳувият ва фазилатҳои неки маънавию ахлоқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмат намуда, ӯро маҳбуби ҳамагону машҳури ҷаҳон гардонидаанд.

«Огоҳии амиқ аз таърихи гузашта, ормонҳо ва арзишҳои миллии гузаштагон ба Пешвои миллат имкон додааст, ки аз ин мероси гаронбаҳо дар такмил ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон самаранок истифода баранд. Рушди устувору бардавоми ҷамъиятию иқтисодӣ ва дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар зарфи 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат ноил шуд, қотеъона собит менамоянд, ки мардуми мутамаддину фарҳангсолор, сулҳдӯсту адолатхоҳ ва таҳаммулпазиру меҳнатқарини Тоҷикистон дар  интихоби худ хато накардааст», — зикр намуд устоди ДМТ.

Олими тоҷик иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳар арзиш ва дастоварди нави муосири сиёсиро тавре такмил ва татбиқ менамоянд, ки онҳо барои амнияти миллӣ, таҳкими ҳувият ва фарҳанги миллӣ ва рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон комилан мувофиқат мекунанд. Мисоли равшан, татбиқи усули дунявият дар сиёсат ва ҳуқуқи давлатии Тоҷикистон мебошад. Усули мазкур дар консепсияи сиёсии Пешвои миллат ба тавре таҳрир ва тафсир шудааст, ки он аз дунявияти динситези замони шӯравӣ ба таври ҷиддӣ фарқ карда, муҳофизати давлатии  арзишҳо ва эътиқодоти анъанавии диниро ба ҳайси унсурҳои аслӣ ва ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад.

«Заминаи дигари муҳими  ташаккули шахсият, сират ва фазилатҳои сарварии Пешвои миллат — ин, бевосита, донишу истеъдод ва санъати волои роҳбарӣ, таҷрибаи бойи сиёсӣ, маъмурӣ ва давлатдории худи  Президент мебошанд, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ташаккул ёфта, пас аз истиқлолияти давлатиро соҳиб шудани Тоҷикистон, сол то сол суфтаю пухта ва мукаммалтар мешаванд. Ҳамаи ин заминаҳо дар ташаккули шахсияти Пешвои миллати тоҷикон ҳамчун феномени нотакрори таърихи муосири Тоҷикистон нақши муассир гузоштаанд», — тазаккур дод Ш. Исматуллозода.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд