Ш. Исматуллозода: Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон пас аз Истиқлолият дуюмин воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани абармарди фарзона Эмомалӣ Раҳмон, ки дар чеҳрааш «фарри эзадӣ» муҷалло буд, пас аз Истиқлолият, дуюмин воқеаи сарнавиштсози таърихи навтарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, устоди ДМТ Ширин Исматуллозода изҳор дошт.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.
Ширин Исматуллозода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки дар осори пурғановати насрӣ ва назмии ниёгони мо ормонҳои ҳазорсолаи мардуми мутамаддини ориёинажод дар бораи сарвари одил ва давлати ҳуқуқбунёду мардумпаравар таҷассум ёфтаанд. Андешаи сарвари давлат ва давлатдорӣ дар хатсайри таърихии худ дар фазои фарҳанги мардуми ориёитабор давра ба давра интиқол ва интишор ёфта, дар ҳар давру замон бо тақозои вазъу шароити мавҷуда такмил ва тағйир пазируфта, то замони мо омада расидааст. Вале новобаста аз ин таҳаввулоту тағйирот, ҳамаи ҳакимону адибони қадим ва асримиёнагӣ вуҷуди як сарвари одилу хирадмандро шарти муҳими бақо ва суботи ҷомеаю давлат донистаанд. Таҳқиқи назарияи ҷомеаи ормонӣ ва шоҳи одилу додгустар барои дарки симои маънавию ахлоқӣ, вазифаҳо, ҳуқуқу ваколатҳои сарвари давлат аз дигоҳи адабиёт ва фалсафаи классикии сиёсӣ-иҷтимоии тоҷик мусоидат мекунад. Ҳамин бахши арзишманди мероси фарҳангии ниёгон ҳамчун заминаи муҳими ташаккули сират, шахсият, ҳувият ва фазилатҳои неки маънавию ахлоқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмат намуда, ӯро маҳбуби ҳамагону машҳури ҷаҳон гардонидаанд.
«Огоҳии амиқ аз таърихи гузашта, ормонҳо ва арзишҳои миллии гузаштагон ба Пешвои миллат имкон додааст, ки аз ин мероси гаронбаҳо дар такмил ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон самаранок истифода баранд. Рушди устувору бардавоми ҷамъиятию иқтисодӣ ва дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар зарфи 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат ноил шуд, қотеъона собит менамоянд, ки мардуми мутамаддину фарҳангсолор, сулҳдӯсту адолатхоҳ ва таҳаммулпазиру меҳнатқарини Тоҷикистон дар интихоби худ хато накардааст», — зикр намуд устоди ДМТ.
Олими тоҷик иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳар арзиш ва дастоварди нави муосири сиёсиро тавре такмил ва татбиқ менамоянд, ки онҳо барои амнияти миллӣ, таҳкими ҳувият ва фарҳанги миллӣ ва рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон комилан мувофиқат мекунанд. Мисоли равшан, татбиқи усули дунявият дар сиёсат ва ҳуқуқи давлатии Тоҷикистон мебошад. Усули мазкур дар консепсияи сиёсии Пешвои миллат ба тавре таҳрир ва тафсир шудааст, ки он аз дунявияти динситези замони шӯравӣ ба таври ҷиддӣ фарқ карда, муҳофизати давлатии арзишҳо ва эътиқодоти анъанавии диниро ба ҳайси унсурҳои аслӣ ва ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад.
«Заминаи дигари муҳими ташаккули шахсият, сират ва фазилатҳои сарварии Пешвои миллат — ин, бевосита, донишу истеъдод ва санъати волои роҳбарӣ, таҷрибаи бойи сиёсӣ, маъмурӣ ва давлатдории худи Президент мебошанд, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ташаккул ёфта, пас аз истиқлолияти давлатиро соҳиб шудани Тоҷикистон, сол то сол суфтаю пухта ва мукаммалтар мешаванд. Ҳамаи ин заминаҳо дар ташаккули шахсияти Пешвои миллати тоҷикон ҳамчун феномени нотакрори таърихи муосири Тоҷикистон нақши муассир гузоштаанд», — тазаккур дод Ш. Исматуллозода.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






