Шоираи Раҳимҷон дар ҷамъбасти Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 ҷоизаи «Занон барои сулҳ»-ро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ,12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Адиби тоҷик Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021, ки 11 ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз шуда, то 14 идома меёбад, миёни 16 адиби дигари зан аз саросари ҷаҳон сазовори ҷоизаи «Занон барои сулҳ» гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Шоираи Раҳимҷон.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 се шоири тоҷик — ҳамраиси Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳори Қосим, шоирони шинохта Хосият Вализода ва Шоираи Раҳимҷон миёни 500 нафар шоир аз 69 кишвар — Туркия, Озарбойҷон, Амрико, Русия, Белгия ва ғайра дар Истанбул иштирок доранд.
Бояд гуфт, ки Фестивали адабии Авруосиёии Лиффт ҳамасола аз ҷониби Ассамблеяи халқҳои Авруосиё баргузор мегардад. Ҳадафи он таҳкими эҷодкорӣ ва дӯстии нависандагон ва хонандагон дар Авруосиё ва эҷоди фазои ягонаи адабиёти Авруосиё мебошад. Ба ғолибони он ҷоизаҳои гуногун дода мешаванд.
АКС аз саҳифаи фейсбукии Шоираи Раҳимҷон








Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт






