Шоираи Раҳимҷон дар ҷамъбасти Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 ҷоизаи «Занон барои сулҳ»-ро соҳиб шуд

Ноябрь 12, 2021 14:41

ДУШАНБЕ,12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Адиби тоҷик Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021, ки 11 ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз шуда, то 14 идома меёбад, миёни 16 адиби дигари зан аз саросари ҷаҳон сазовори ҷоизаи «Занон барои сулҳ»  гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Шоираи Раҳимҷон.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 се шоири тоҷик — ҳамраиси Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳори Қосим, шоирони  шинохта Хосият Вализода ва Шоираи Раҳимҷон миёни 500 нафар шоир аз 69 кишвар — Туркия, Озарбойҷон, Амрико, Русия, Белгия ва ғайра дар Истанбул иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки Фестивали адабии Авруосиёии Лиффт ҳамасола аз ҷониби Ассамблеяи халқҳои Авруосиё баргузор мегардад. Ҳадафи он таҳкими эҷодкорӣ ва дӯстии нависандагон ва хонандагон дар Авруосиё ва эҷоди фазои ягонаи адабиёти Авруосиё мебошад. Ба ғолибони он ҷоизаҳои гуногун дода мешаванд.

АКС аз саҳифаи фейсбукии Шоираи Раҳимҷон

Ноябрь 12, 2021 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАСНАВИХОНӢ». Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло оид ба дастовардҳои тозаи ин озмуни ҷумҳуриявӣ
«ТОҶИКОН-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». 24 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифтанд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Аз вилояти Суғд ба даври ҷумҳуриявии озмун 112 нафар роҳхат гирифт
«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар ин озмун сарбозон низ бо ҳисси ватандӯстӣ донишу маҳорат нишон медиҳанд
«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хатлон 378 нафар ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон, Суғд, Бадахшон ва Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад
««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Суғд даври сеюми озмун оғоз шуд
««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Аз 12 то 22 сентябр даври сеюми озмун доир мешавад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 520 довталаб иштирок менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳадафи мо аз эълони озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш аст»