«ТОҶИКОН» ДАР ХОНАДОНИ МАН» . Таҳти чунин унвон дар шаҳри Турсунзода озмуни зеҳнӣ доир шуд

Ноябрь 14, 2021 09:17

ТУРСУНЗОДА, 14.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи китоби безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Тоҷикон» дар хонадони ман” озмуни зеҳнӣ баргузор гардид, ки дар он 15 даста аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаву идораҳои шаҳр,  ки ҳар даста тариқи рамзӣ аз китоби «Тоҷикон» номгузорӣ шуда буд, иштирок намуда, дар назди аъзои ҳакамон донишҳои омӯхтаи худро санҷиданд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Дар ҷараёни озмуни мазкур раиси шаҳр Парвиз Акрамзода зикр намуд, ки «китоби «Тоҷикон» ба сифати шиносномаи миллат шинохта шуда, дар арсаи ҷаҳон тоҷиконро ҳамчун миллати қадимӣ, тамаддунофару соҳибфарҳанг, озодихоҳу истиқлолпарвар муаррифӣ менамояд. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо вазифадорем, ки онро омӯхта, бо миллату ниёгони худ ифтихор намоем ва бо меҳнати пурсамару дониши мукаммал ҷиҳати муаррифии милллати худ кӯшиш ба харҷ диҳем».

Аъзои ҳакамон дастаи «Спитамен»-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳбар»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро сазовори ҷои якум, дастаи «Ковиён»- и ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи маорифро сазовори ҷои дуюм, дастаи «Хуросон»-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ва дастаи «Сомониён»-и Ҷамоати деҳоти Навободро ба ҷои 3-юм сазовор донистанд.

Ғолибони озмун бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳр ва мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода

Ноябрь 14, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд