То оғози Мусобиқаи «Гранд Слам» оид ба гӯштини дзюдо дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду рӯз монд

Ноябрь 24, 2021 08:46

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз  26 то 28 ноябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Мусобиқаи «Гранд Слам» оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мегардад, ки дар он 10 паҳлавони маъруфи тоҷик шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд, хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Пойтахти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ охирин мусобиқа  оид ба намуди гӯштини дзюдо   миёни калонсолонро дар соли 2021 мегузаронад. Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи мазкур  232 нафар варзишгар (144 мард, 88 зан) аз 42 давлати ҷаҳон   иштирок мекунанд.

Дар ин  мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 10  паҳлавони шинохта  Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд:

-60кг — Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-66кг — Алиҷон САФАРАЛИЕВ
-66кг — Баҳром СУФИЕВ
-73кг — Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
-73кг — Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81кг — Ҳақназар НАЗАРОВ
-81кг — Хушвақт ИДИЕВ
-90кг — Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-90кг — Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
+100кг — Темур РАҲИМОВ

Мусобиқаи мазкур  26 ноябр чун анъана бо рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон шурӯъ мегардад. Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -63кг, -70кг ва мардони вазнашон -73кг, -81кг  миёни ҳам гӯштин мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг, мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ҷамъбаст мегардад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр  аст, ки ду ҳафта пеш (5-7 ноябр) паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар  мусобиқаи  Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.

                                                                                                               АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2021 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд