Толибон 4 нафар иштирокчии ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобулро маҳв намуданд

Ноябрь 3, 2021 12:47

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 тан аз 6 нафар иштирокчиёни ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобул аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон»* кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  INTERFAX.RU хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи ҳаракати Ҳикматулло Ҷамол ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, кушташудагон миёни мардуми одӣ, ки дар натиҷаи ҳамла ба бемористони ҳарбии ба номи Сардор Муҳаммад Довуд Хон ба амал омад, зиёданд. Новобаста ба ин ӯ рақами мушаххасеро нагуфт. 

Қаблан ВАО-и маҳаллӣ дар бораи марги 23 тан ва захмӣ шудани 50 нафар иттилоъ дода буданд. Агентии итилоотии Aamaj News бо истинод ба сарчашмаҳо аз марги 19 нафар ва захм бардоштани 43 тани дигар хабар дод. Маъмурияти Маркази тиббии ғайридавлатии «Emergency» дар Кобул дар Твитер навиштааст, ки ба назди онҳо 9 нафарро овардаанд.

Сардори маркази матбуоти ВКД-и толибон Қорӣ Саид Хостӣ иттилоъ дод, ки таркиш дар назди даромадгоҳи бемористони ҳарбии ба номи Сардор Муҳаммад Довуд Хон дар ноҳияи 10-уми Кобул ба амал омадааст.

Ягон гурӯҳи мусаллаҳи амалкунанда дар Афғонистон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт.

____________________________

*«Толибон»-ҳаракати радикалии террористӣ, ки дар Тоҷикистон   мамнӯъ аст

АКС аз манбаҳои боз

Ноябрь 3, 2021 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид

Маводҳои таҳлилӣ