Толибон ҳуқуқҳои занони Афғонистонро боз ҳам бештар маҳдуд намуданд

Ноябрь 22, 2021 12:04

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҳаракати  тундгарои «Толибон»*, ки дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, қоидаҳои наверо эълон карданд, ки ҳуқуқи занонро маҳдуд мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз  «Российская газета» хабар додааст.

 Барои занони афғон дар драмаҳои телевизионӣ зоҳир шуданро манъ намуданд. Филмҳое, ки хилофи асосҳои шариат ва арзишҳои афғонҳо дониста мешаванд, манъ мегарданд. Ҳамчунин намоиши наворҳои мардони урён, ҳатто қисман манъ аст.

Аз 22 ноябр намоиши барномаҳои ҳаҷвӣ ва фароғатӣ, ки “динро таҳқир мекунанд ё барои афғонҳо таҳқиромез ҳисобида мешаванд”, манъ шудааст. Толибон ҳамчунин талош доранд намоиши филмҳои хориҷиро, ки “арзишҳои фарҳангии Ғарбро тарғиб мекунанд”, манъ кунанд. Ҳоло занони хабарнигор ва барандаҳо муваззаф  шудаанд, ки ҳангоми наворбардорӣ рӯсарӣ бипӯшанд, ҳарчанд дар дастур мушаххас карда нашудааст, ки кадом навъи пӯшиш бояд истифода шавад.

Шаҳрдори Кобул ба занон- хизматчиёни мунисипалӣ тавсия додааст, ки дар хона бимонанд. Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ-узви созмоне, ки манфиатҳои рӯзноманигоронро дар Афғонистон ҳимоя мекунад, гуфт, ки ҷорикунии маҳдудияти нав ғайричашмдошт буд. Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ ӯ гуфт, ки бархе аз қоидаҳо “ғайриамалиянд” ва дар сурати ҷорӣ шудани онҳо ширкатҳои телевизионӣ маҷбур мешаванд фаъолияташонро қатъ кунанд.

Толибон 15 август дар Афғонистон қудратро ба даст оварданд ва бисёре аз афғонҳо аз ҷорӣ шудани маҳдудияти шадид хавотир шуданд. Радикалҳо дарҳол эълон карданд, ки барои занону духтарон дар мактабҳо ҷой нест. Ва ҳоло Афғонистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки мақомоти он тақрибан нисфи аҳолиро аз таҳсил ва гирифтани дониш маҳрум кардаанд.

Дар замони ҳукмронии қаблии толибон дар солҳои 1990 барои занон ҳамин гуна таҳсил ва кор кардан мамнӯъ буд. Намояндагони ҳаракати  радикалӣ тасдиқ мекунанд, ки маҳдудияти ҷоринамудаи онҳо “муваққатӣ” буда, танҳо ба хотири таъмини “бехатарӣ” дар ҷойҳои корӣ ва муҳити омӯзишӣ амал мекунад.

__________________________________
* Ҳаракате, ки дар Тоҷикистон ва Русия террористӣ эътироф шудааст

ДАР АКС: маҳбуси афғон Назифаи 23-сола гиря карда, кормандони ҳифзи ҳуқуқро зорӣ мекунад, ки ӯро озод кунанд. 10 ноябри соли 2002, Кобул. АКС: Paula Bronstein / Getty Images 

Ноябрь 22, 2021 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд
ДАР ФАРОНСА — БОЗ ХУРУҶИ ЗУКОМИ ПАРАНДА. АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин чӣ гуна вирус аст
Oxfam: таваррум 260 миллион нафарро дар фақри шадид қарор медиҳад
Шаҳбоз Шариф сарвазири нави Покистон интихоб гардид
Дар Москва Владимир Жириновский аз олам даргузашт
«МАКТАБҲОРО КУШОЕД!». Духтарони афғон ба эътироз баромаданд
АФҒОНИСТОН БАДБАХТТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН ЭЪЛОН ГАРДИД. Дар ин бора дар Гузориши умумиҷаҳонии СММ оид ба хушбахтӣ зикр шудааст
Имрӯз дар Туркманистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб баргузор шуд
СММ: Ҷаҳонро бинобар воқеоти Украина гуруснагӣ таҳдид мекунад
ФАВРӢ! Сердар Бердимухамедов дар интихоботи президентии Туркманистон пирӯз гардид
Дар Покистон бар асари таркиш дар масҷид тақрибан 50 нафар кушта шуданд
Парлумони Арманистон Ваагн Хачатрянро президент нави ин кишвар интихоб кард