ҲУКУМАТЕ, КИ МАҲКУМ БА НОКОМИСТ. Роҳбари толибон* волиёни нисфи вилоятҳои Афғонистонро таъйин кард

Ноябрь 9, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҷунбиши Толибон* Ҳайбатулло Охундзода (ДАР СУРАТ) пас аз тасарруфи пойтахти Афғонистон аз ҷониби ин ҷунбиш 15 август нахустин бор аз 34 вилояти кишвар раҳбарони 17 вилоятро таъйин кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU.

Тавре рӯзи якшанбе, 7 ноябр муовини намояндаи расмии ҷунбиш Билол Каримӣ хабар дод, бо фармони роҳбари толибон дар вилоятҳои Бадахшон, Пактиё, Кобул, Қундуз, Бағлон, Лоҳур, Пактико, Бомиён, Урузгон, Фараҳ, Сари Пул, Чузҷон, Форёб, Майдони Вардак, Зобул, Нимруз ва Ғазнӣ волиён таъйин шуданд.

Дар иттилоияи Каримӣ дар Твиттер зикр шудааст, ки бо фармонҳо дар баъзе музофот ҳамчунин муовинони волиён ва сардорони полис таъйин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 сентябр толибон ҳайати ҳукумати худро иборат аз 33 нафар эълон карданд, ки ба он танҳо намояндагони ҷунбиши “Толибон”* ва асосан паштунҳо шомил буданд. Муҳаммад Ҳасан Охунд раиси девони толибон, муовини аввали ӯ Мулло Бародар Охунд ва муовини дуввуми сарвазир Мавлавӣ Абдулсалом Ҳанафӣ таъйин шуданд. Инчунин бояд гуфт, ки ҳукумати толибонро то ба ҳол ягон давлати дунё ба расмият нашинохтааст.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорон, ҳукумати таъсисдодаи толибон маҳкум ба нокомист, зеро ҷунбиш ҳамчунон ба даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъсиси ҳукумати фарогир, эҳтироми ҳуқуқи башар, бахусус, ҳуқуқи шаҳрвандони миллии ақаллият ва занон беэътиноӣ зоҳир мекунад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Созмони Милали Мутаҳид хабар дод, дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар нишасти марбут ба Афғонистон дар Теҳрон изҳор дошт, ки танҳо бо ҳамдастию талошҳои муштарак ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба субот дар Афғонистон ноил шавад.

Ба гуфтаи Дабири кулли СММ, мардуми Афғонистон ба ҳукумати фарогире ниёз дорад, ки ба қонунҳои байналмилалии башардӯстона, ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои бунёдӣ эҳтиром гузорад. “Ман аз нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллияти этникӣ, инчунин ҳамлаҳои даҳшатноки террористии замони охир ба мавзеъҳои динӣ, ки боиси марги одамон шудааст, сахт нигаронам».

________________

* «Толибон» — созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ

 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди осебдидагони таркиш дар маркази савдои Ереван ба 60 нафар расид
Дар сӯхтори калисо дар Миср 41 нафар ҳалок шуданд
Аврупо ва Амрико дар барқарорсозии соҳаи сайёҳӣ пешсафанд
Ҳамарӯза дар ИМА то 400 нафар бар асари коронавирус мефавтанд
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2661 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд
Ӯ 94 СОЛ ДОШТ. Собиқ президенти Филиппин Фидел Валдес Рамос аз олам даргузашт
Шветсия аз 1 сентябр ҳаракати велосипедҳои барқиро дар роҳҳои пиёдагард манъ мекунад
Зиёда аз 300 шаҳрванди хориҷиро аз Қазоқистон ихроҷ намуданд
Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар Покистон ба 312 нафар расид
Дар Кувайт сарвазири нав таъйин намуданд
ДРАУПАДИ МУРМУ ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ҲИНДУСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД. Вай 18 июл дар интихоботи президентӣ бештари овозҳоро ба даст овард
Дар мубориза барои курсии сарвазири Британия ду номзад боқӣ мондаанд

Маводҳои таҳлилӣ