ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.2760 то 11.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.2760 сомонӣ;
1 евро – 13.0632 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1563 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2760 то 11.2800 сомонӣ;
1 евро аз 13.0632 то 13.2000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1563 то 0.1580 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».