Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: Заҳролудшавии маҳкумшудагон дар муассисаи ислоҳӣ асоси воқеӣ надорад
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 2 ноябр аз ҷониби кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба маводи нашршуда дар ВАО дар хусуси заҳролудшавии маҳкумшудагон аз оби ошомиданӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, сараввал вобаста ба маводи нашршуда бо сардори Муассисаи ислоҳии ЯС3/1 — и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Турсунов суҳбат гузаронида шуд. Зимни суҳбат ӯ иброз намудааст, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад. Инчунин ӯ ба кормандони мақомоти Ваколатдор маълумотномаи Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 августи соли 2021 пешниҳод намудааст, ки дар он чунин омадааст: «Намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ мебошад».
Баъдан, бо маҳкумшудагон вобаста ба маводи нашршуда суҳбат гузаронида, маълум шудааст, ки дар қисми тиббӣ ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат гирифта истодаанд. Дар ҷараёни суҳбат маҳкумшудагон Сайфуллозода Ҳ., Мезанков В., Сангов Б., Тағоймуродов Ф., Абдуллоев Р., Ғаниев Ғ. ва Аёмбеков О. иброз намудаанд, ки оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.
Ҳамчунин натиҷаи суҳбат бо маҳкумшудагон Шокиров Ҳ. ва Очилдиев А., ки ба сифати табиб дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, нишон дод, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафари аз об заҳролудшуда дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст. Инчунин онҳо иброз намуданд, ки миёни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангез паҳн менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Омбудсмени тоҷик хоҳиш намуданд, ки ба қазияи 40 нафар зиндониёни заҳролудшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидагӣ кунад.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ








«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






