Вазири Қатар ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро мусбат арзёбӣ намуд

Ноябрь 4, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳия ва имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар зимни мулоқоти  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар доктор Фалеҳ Носир Ал Танӣ, ки дар доираи Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазго доир гардид, баррасӣ шуданд.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон зимни баррасии  масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои муҳити зисти ҳарду давлат ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва ин иқдом аз ҷониби давлати Қатар мусбат арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи марбут  ба тавсеа ва рушди ҳамкорӣ миёни  Тоҷикистон ва Қатар  дар соҳаи туризми экологӣ матраҳ гардид.

   Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 4, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд