Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ва коркарди он шинос гардид

Ноябрь 10, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 8890 гектар пунбадона кишт намуданд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия ба ҳолати 5 ноябр 19143 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 66,9 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба  АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои ҷамъоварии ҳосили пахта ва коркарди он дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда, ҷамъоварии хӯроки чорво ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ шинос шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Мадина»-и ноҳияи Мастчоҳ гармхонаҳои муосири шакли чинӣ дар майдони 1 гектар бунёд карда шуда, дар майдони 0,40 гектар лимӯ ва 0,60 гектар помидор парвариш карда мешавад. Зимни суҳбат Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ба масъулон ва хоҷагидорон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва дар ҳама фасли сол таъмин намудани бозорҳо бо маҳсулоти талаботи рӯз ва иҷрои саривақтии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири кишоварзии мамлакат аз корхонаи пахтатозакунии ҶДММ «Музаффар Ко» дидан намуда, барои сари вақт коркард намудани ашёи хоми ватанӣ ба масъулин тавсияҳо дод.

АКС аз Вазорати кишоварзии ҶТ

Ноябрь 10, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд