Вазорати тандурустӣ аз рӯзноманигорон даъват намуд, ки оид ба COVID-19 ва ваксинатсия маълумоти дуруст пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди сатҳи хуби фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ масъалаи эмгузаронӣ яке аз мушкилоти мубрами соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб мешавад. Ҳарчанд ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо 5 намуди ваксина таъмин гардиданд, вале сокинони баъзе ноҳияҳо то ҳол барои гирифтани ваксина шитоб намекунанд, ки ин барои ҳарчи зудтар рафъ кардани пандемияи бемории сироятии COVID-19 халал мерасонад. Дар ин бора муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи омӯзиши серӯзаи «Нақши васоити ахбори омма дар давраи пандемияи COVID-19», ки бо иштироки 30 нафар рӯзноманигорони марказҳои матбуотии вазорату идораҳо доир шуд, ибрози назар намуд.
Ба андешаи Ғафур Муҳсинзода, гузаронидани чунин омӯзишҳо барои хабарнигорон ва намояндагони марказҳои матбуотии муассисаву идораҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад.
-Тавассути шумо, кормандони воситаҳои ахбори омма ба аҳолӣ маълумоти нав, боварибахш ва мӯътамад дастрас мешавад. Вазифаи шумо дар ин давраи душвор наҷот додани ҳаёти одамон аст,- гуфт мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки ин омӯзиши панҷуми силсилачорабиниҳоест, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи фавкулодаи муқовимат ба сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TEC-19) бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Мақсад аз баргузории чунин омӯзишҳо- баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони марказҳои матбуотии ташкилоти тандурустӣ ҷиҳати масъалаҳои мубрами марбут ба сирояти нави COVID-19 ва омӯзонидани тарзи дурусти пешниҳоди маълумот ба аҳолӣ мебошад.
Директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунзода иброз дошт, ки «раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажӯҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемияи бемории сироятӣ мебошад. Танҳо дар ҳолати фаро гирифтани 90% -и аҳолӣ бо ваксинатсия инсоният метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Дар ин замина ВАО роли калон мебозад. Зеро воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди иттилооти мӯътамад метавонанд мардумро ба ваксинатсия ва андешидани тадбирҳои гигиенӣ ташвиқ кунанд”.
Дар назар аст, ки 26-27 ноябр дар пойтахт машварати ҷамъбастӣ доир шуда, кормандони марказҳои матбуотӣ ва рӯзноманигорон аз ноҳияҳои тобеи марказ ба он ҷалб шаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад






