Вобаста ба татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон» ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 1, 2021 15:57

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум миёни Сафорати Япония ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон» баргузор шуд. Лоиҳаи мазкур  аз ҷониби Ҳукумати Япония дастгирӣ ёфта, дар доираи он давоми се соли оянда харидории ваксинаҳои сурхча-баногӯшак-гулафшон, гепатити Б, маводи иммунизатсионӣ, устувор намудани занҷири хунуктаъминкунанда ва мониторинги иҷрои Барномаи миллии иммунопрофилактика дар саросари ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкории Вазорати тандурустӣ бо кишвари Япония ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ёдовар шуда, баимзорасии ёддошти мазкурро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди сеҷониба арзёбӣ намуд.

Ёддошти мазкурро Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ба имзо расониданд.

Ҳукумати Япония аз солҳои аввали соҳибистиқолӣ кумаки худро ба Тоҷикистон дар самти  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда мерасонад. Соли 2008 бо мақсади сари вақт ва сифатнок дастрас намудани ваксинаҳо ба вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии Агентии Япония оид  ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) нақлиёти махсуси бо яхдон таҷҳизонидашуда (авторефрижерактор) харидорӣ шуда, ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» тақдим гардид.

Маҳз бо дастгириҳои назарраси Ҳукумати Япония Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сатҳи фарогирии иммунизатсияи кӯдаконро бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи ваксина идорашаванда дар мамлакат дар саҳти баланд нигоҳ дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 1, 2021 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд