ҶАҲОН РОҲИ НАҶОТ ДОДАНИ АФҒОНИСТОНРО ПАЙДО НАМУД. Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ интиқоли кумакҳои башардӯстонаро ба кишвари ҳамсоя тавассути Тоҷикистон шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои ҷаҳон талош доранд, ки миллионҳо нафар афғонҳоро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд ва роҳҳои расонидани кумак барои наҷот додани иқтисодиёти ин мамлакатро пайдо кунанд. Аммо ҳукуматҳои Ғарб ва дигар давлатҳои манфиатдор намехоҳанд, ки ёрии молиявии онҳо ба дасти толибон афтад. Сарпарастон тасмим гирифтанд, ки ба ин ҳадаф тавассути интиқоли маблағ ба созмонҳои хусусии кишвар бидуни иштироки мақомоти нав ноил шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора CNBC менависад.
Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) ахиран ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, даъват намуд, ки барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба паноҳандагони дохилӣ дар Афғонистон 374,9 миллион доллар ҷудо намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи созмон.
Тибқи арзёбии СММ, дар Афғонистон 3,5 миллион нафар паноҳандагони дохилӣ ба сар бурда, дар баробари ин соли 2021 700 000 нафар гуреза шудаанд.
Гуфта мешавад, паноҳандагон ба сарулибоси гарм, сӯзишворӣ барои гарм кардани манзил, манзили гарм, ғизо ва дору ниёз доранд.
«Вақте ҳарорат аз сифр паст мешавад, афғонҳо ба душвориҳои ғайричашмдошт дучор мегарданд. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа паст шавад. Ва бисёре аз оилаҳои паноҳанда манзили дуруст – чизи муҳиме, ки дар сардиҳои шадид зарур аст, надоранд», — гуфта мешавад дар сомонаи СММ.
Тибқи маълумоти созмон, буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон рӯз аз рӯз бадтар мешавад: тақрибан 23 миллион нафар (55 дарсади аҳолӣ) аз норасоии шадиди ғизо азият мекашанд ва тақрибан 9 миллион нафари онҳо бо хатари гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Аз миёнаҳои моҳи августи соли ҷорӣ Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон тақрибан ба 700 000 нафар паноҳандагон дар саросари кишвар кумак кардааст ва ҳоло талош дорад теъдоди зиёдро фаро гирад.
Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон кумакҳоро ба Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя ва тавассути парвозҳои ҳавоии гуманитарӣ мерасонад. Ҳафтаи оянда панҷ парвоз бо борҳои Раёсат аз Аммон ба нақша гирифта шудааст. Зимнан зикр мегардад, ки барои дастгирии афғонҳо дар фасли сармо, Раёсат маъракаи ҷамъоварии маблағро оғоз кард. Дар маҷмӯъ, фаъолияти Раёсат дар ин кишвар дар соли 2022 374,9 миллион доллари амрикоиро тақозо мекунад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (БҶО) интиқоли кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон тавассути Тоҷикистон шурӯъ кард. Нахустин корвони 7 мошини боркаш аз Душанбе ба самти вилояти Бадахшони Афғонистон рафт. Рӯзҳои наздик ба шимолу шарқи Афғонистон ҳудуди 2500 тонна орди гандумӣ интиқол дода мешавад, ки онро БҶО барои расонидани кумаки изтирорӣ ба мардуми гурусна тақсим мекунад.
«Ҳамкорони БҶО дар Афғонистон ба ҳар гуна кумак ниёз доранд ва мо метавонем пеш аз бо барф баста шудани роҳҳо, бахусус дар манотиқи дурдаст ба мисли Бадахшон кумак расонем. Истифодаи долон байни кишварҳо ба мо кумак мекунад, ки маводи ғизоиро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Афғонистон сари вақт интиқол диҳем», — гуфт директории кишварии БҶО СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам дар маросими ирсоли корвони башардӯстона.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон барои авиатсияи башардӯстонаи СММ (UNHAS) долони ҳавоӣ дод, ки аз ҷониби БҶО идора мешавад. Аз ин ба баъд кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути парвозҳо аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон интиқол дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сафирони навтаъйини якчанд кишварҳо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон омода аст «имконияти густурдаи моддию техникӣ»-и худро барои ироаи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон, ки дар он бузургтарин буҳрони гуманитарӣ дар ҷаҳон авҷ гирифта истодааст, фароҳам орад.
Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин 2 декабр дар доираи сафараш ба Стокҳолм дар муҳокимаи авзоъ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи САҲА ширкат кард. Ӯ зимни суханронӣ аҳамияти расонидани кумакҳои оҷили башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон зикр кард.
3 декабр Президенти ИМА Ҷо Байден қонунеро имзо кард, ки дар ҳаҷми 7 миллиард доллар кумак ба гурезаҳои афғонро пешбинӣ менамояд. Маблағ то 18 феврали соли оянда ҷудо карда мешавад. Моҳи сентябр барои ҳамин мақсадҳо 6,3 миллиард доллар ҷудо гардид. Моҳи сентябр ИМА барои ин мақсадҳо аллакай 6,3 миллиард доллар ҷудо кард.
Вазъи изтирорӣ дар Афғонистон баъди ба даст овардани қудрат дар нимаи моҳи август аз ҷониби ҳаракати радикалии «Толибон»*, ки ҳукумати онро бо гузашти беш аз 4 моҳ ягон давлати ҷаҳон ба расмият нашинохтааст, ба вуҷуд омад. Бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ маблағгузории Афғонистонро қатъ карданд, ҳудуди 10 миллиард доллари давлати Афғонистон, ки дар хориҷ маҳфуз аст, мунҷамид карда шуд, то толибон, ки дар бисёре аз кишварҳо террорист эълом шудаанд, аз онҳо истифода накунанд.
АКС: ©U.S. Marine Corps/Keystone Press Agency/Global Look Press








Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






