ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – МАРОМИ МОСТ! 10 дақиқа давидан кори майнаи сарро хеле беҳтар мекунад

Декабрь 13, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Давидан ба муддати 10 дақиқа кори майнаи сарро ба таври назаррас беҳтар ва инсонро болидахотир мекунад, иброз доштанд олимон аз Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, натиҷаи кори илмии худро онҳо дар маҷаллаи Scientific Reports ба нашр расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд соли охир аҳолии кишварро пайваста ба пешбурди тарзи ҳаёти солим (ТҲС) даъват менамоянд. «Минбаъд мо бояд ба оммавикунонии варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии бадан диққати аввалиндараҷа дода,  барои таҳкими саломатии аъзои ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам созем»,- зикр намуданд Президенти мамлакат дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, тибқи супориши Президенти ҷумҳурӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон чанде пеш ба Ҳукумаи ҶТ лоиҳаи миллии Барномаи ташкили тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намуд.

Қаблан директори  Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло ҚОСИМОВ (ДАР АКС дар мобайн) ба АМИТ «Ховар» гуфта буд, ки манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан, пурқувватии масуният ва лоғаршавии организм афзалтар аст. Ӯ чунин мешуморад, ки давидан қуввати баданро боло мебардорад, ки ин гувоҳи солимӣ ва тарзи ҳаёти солим доштан аст. Ба гуфтаи мавсуф, «дави саҳаргоҳӣ на натиҷаи кӯтоҳмуддат, балки дарозмуддат медиҳад. Талаботи асосии он пайваста машғул шудан ба он аст».

АКС: Pexels.com

Декабрь 13, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон