Абдухалил Ғафурзода: Дар Тоҷикистон омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ мавқеи умумимиллӣ касб менамояд

Декабрь 31, 2021 14:53

ДУШАНБЕ, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паёми имсола, ки аз ҷониби Сарвари давлат таъсирбахш садо дод, ин буд: «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».Ҷомеаи навини мо ба самти фарзонагиву саодат ва зеҳнгароӣ қадам ниҳода, дар ин замина омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ мавқеи умумимиллӣ касб хоҳад кард.  

Чунин изҳори андеша намуд Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил ҒАФУРЗОДА ба АМИТ «Ховар» дар робита ба нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабр ироа гардид.

 -Тавре ҳамагон  шоҳид гаштем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф дастуру супоришҳои судманд дода, ба ин васила барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари азизамон — Тоҷикистон, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ иқдомҳои саривақтӣ пешниҳод намуданд.

Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад,-гуфт Абдухалил Ғафурзода.

Номбурда зикр кард, ки  аз ин лиҳоз, зарур дониста шуд бо мақсади рушди соҳа роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудаанд. Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, зикр шуд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 42000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тавр, Президенти мамлакат барои рушди соҳаи илму маориф бисёр маслиҳатҳои судманд дода, дар иҷрои он ба зиёиёни кишвар боварии хосса зоҳир намуданд.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф, мо, аҳли маорифу илмро водор менамояд, ки ҳар кадомамон дар самти фаъолияти худ пешсаф бошем.

Бино бар ин, имрӯз мо, аҳли маориф, махсусан омӯзгоронро зарур  аст, ки дар рушди ин соҳа нақши назаррас гузорем, дар тарбияи мутахассисони ҷавон ҳисса гузошта, барои омода намудани кадрҳои баландихтисосе, ки дар миқёси ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд, кӯшиш намоем.

Имрӯз дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ навигариву навовариҳои нанотехнологӣ ба ҳам пайваста истода, ҳар маълумот ба таври фаврӣ куҳнагӣ мепазирад. Аз ин рӯ, барои расидан ба ҳадафҳои баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имрӯз мо бояд ҷавононеро ба арсаи илму фарҳанг омода ва роҳнамо созем, ки воқеан ҳам, донандаи пешрафтатарин технологияҳо ва донишҳои замонавӣ бошанд.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки паёмҳои Сарвари давлат танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарф дар худ муҳаббату самимияти ватандӯстона доранд, ки қалби моро гармиву рӯшанӣ мебахшанд ва  мардумро бо  ҳамин муҳаббат ба созандагӣ илқо мекунанд.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар дасти ҷавонони донишманд, масъулиятшинос, донандаи забонҳои хориҷӣ ва ташаббускору созанда мебошад ва насли ҷавони кишвар вазифадор аст, ки тамоми масъулияти худро барои расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор гардидан ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат равона созад ва содиқонаву софдилона ба  Ватани азизамон хизмат намояд.

Ҷомеаи устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалисозии самтҳои Паём нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он амал хоҳад кард ва ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, илмӣ ва таълимӣ ноил хоҳад гардид.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат мо, зиёиёнро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таъмини таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда ба ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарастӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш намоем.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2021 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт