Ҷамолиддин Абдуллозода: Донишу таҷрибаи хешро баҳри иҷрои босифат ва саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дарҷ гардида, равона месозем

Декабрь 28, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷашни  30-юмин солгарди Истиқлолияти  давлатӣ рост омад,  иброз доштанд: «танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019-2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст. Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст». Ин иқтибосро   Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз зимни баргузории ҷаласаи корӣ вобаста ба шарҳу баррасии нуктаҳои муҳими Паёми навбатии  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  оварданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-Мо, кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст  баҳри иҷрои босифат ва саривақтии   дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ  дарҷ гардиданд,  талош намуда, садоқатмандона ба аҳолӣ хизмат расонем. Донишу таҷрибаамонро    истифода бурда, барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ  намоед, -таъкид намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.

 Дар ҷаласа сардори маркази матбуоти вазорат Эмомалӣ Мирзоев вобаста ба нақши соҳаи тандурустӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз дошт, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои миллат дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсус ишора намуда, таъкид доштанд, ки «рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Гуфта шуд, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ  бо муҳайё шудани шароити хуби касбомӯзӣ мутахассисони баландпояи соҳавӣ омода гардида, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат дар хизмати мардум қарор гирифтанд. Ҳамзамон таҳти назари хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ  ва рушди он муассисаҳои соҳавии зиёде бунёд ва навсозӣ гардида, ҳамаи онҳо бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ таъмин шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ гуфта шуд, ки ҳарчанд баҳри таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои болаёқат корҳои назаррас амалӣ шудаанд, аммо ҳоло ҳам дар ин масир мушкилот вуҷуд доранд. Ба ин хотир, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳавӣ бо мутахассисони варзида аз тамоми инконоти мавҷуда истифода менамояд.

Дар кори ҷаласа муовинони вазир,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, сардорони якчанд раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҶТ

Декабрь 28, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид