«Амонатбонк» ва «СберБанк» бо имзои созишнома ба ҳамкории байнибонкӣ тавсеа мебахшанд

Декабрь 6, 2021 11:19

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки аз 29 ноябр то 2 декабр сурат гирифт, миёни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҷамъияти саҳомии оммавии /ҶСО/ «СберБанк»-и Русия  Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва муовини Раиси Раёсати ҶСО «СберБанк»-и Русия  Анатолий  Попов дар шаҳри Москва ба имзо расониданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Дар асоси Созишномаи мазкур «Амонатбонк» ва «СберБанк» ҳамкориро дар соҳаи муносибатҳои муросилотӣ, яъне кушодани суратҳисобҳо, табодули иттилоот, густариши ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорат ва маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ оид ба гузаронидани амалиёт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, амалиёти банкнотӣ, муомилоти дуҷониба дар бозорҳои байнибонкӣ, истифодаи низоми тиҷорати электронии  SberCIB Terminal, хизматрасонии интиқоли фаромарзии P2P «Интиқоли зуди маблағҳо аз Тоҷикистон ба Русия   ва баръакс, рақамикунонӣ, хизматрасониҳои киберамниятӣ, такмили ихтисоси  кормандони «Амонатбонк» тавассути Донишгоҳи корпоративии «Сбербанк» ба роҳ мемонанд. Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи «Амонатбонк» ва «Сбербанк»-и Русия гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода, бевосита дар самти амалӣ намудани ҳадафҳое, ки дар Созишнома дарҷ гардидаанд, корбарӣ намоянд.

Дар доираи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ ҳамзамон раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ бо муовини раиси «Сбербанк»-и Русия Анатолий Попов мулоқот намуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ, рушд додани ҳамкориро дар самтҳои мухталифи афзалиятноки молиявию ҳисоббаробаркунӣ баррасӣ намуданд. Мусоҳибон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ, тарҳрезӣ ва амалисозии маҳсулоти бонкӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи лоиҳаи «Миллион муҳоҷир» бо иштироки «Сбербанк»-и Русия  ва баҳрагирӣ аз хизматрасониҳои экосистемаи «Сбербанк»-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот «Амонатбонк» пешниҳод намуд, ки омода аст бо  «СберБанк»-и  Русия дар самти ҷудо намудани қарз ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкории муштарак ба роҳ монад. Ин пешниҳод аз ҷониби «СберБанк»-и Русия бо хушнудӣ пазируфта шуда, зикр гардид, ки баъд аз омӯзиш дар ин самт корбарӣ хоҳанд кард.

АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амоантбонк»

Декабрь 6, 2021 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд