Анна Попова аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ ва Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ дидан намуд

Декабрь 18, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия Анна Попова дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ ва Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ дидан намуд, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмоишгоҳҳои мазкур бо навтарин таҷҳизоти муосир  таъмин мебошанд, ки дар онҳо ташхисҳои гуногун бо сифати баланд гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин дар ин рӯз роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова бо Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот намуд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 18, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт