Ҳавои ду рӯзи охири соли 2021 дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Декабрь 29, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду рӯзи охири соли 2021 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Дар вилояти Хатлон ду рӯзи охири моҳи декабр ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+5 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, эҳтимоли фаромадани тумани тунук дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо  тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5  дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар ду рӯзи охири  соли равон дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд шабона 10-16 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ғарби вилояти шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар қисмати шарқи вилоят шабона 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 13-18 дараҷа хунук мешавад.

Ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 7+10 дараҷа гарм мешавад.

АКС аз Дидор Саъдуллоев

Декабрь 29, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд