Аз номи Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои идона тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи «Саманд»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои 220 нафар хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоёни ноҳия маҳфили фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста, аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар барнома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи маҳфил муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тамоми хонандагонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, дар рӯзгору таҳсили минбаъдаашон муваффақият таманно намуд.
Дар ҷараёни маҳфил туҳфаҳои Пешвои миллат, иборат аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо ва туҳфаи солинавӣ ба кӯдакони мактаб-интернат тақдим гардиданд.
Дар идомаи маҳфил аз тарафи хонандагон рақсу сурудҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардида, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро болида намуданд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ










Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






