Ба муассисаҳои таълимии Мастчоҳ 1600 адад мизу курсӣ дастрас карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ барои 3200 ҷойи нишаст ба миқдори 1600 адад мизу курсӣ кумак расонида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
500 адад мизу курсӣ 9 декабр ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни тақсими мизу курсиҳо ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки дар навбати аввал он муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъмин карда шаванд.
«Бо дастгирии бевоситаи роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳия барои 3200 адад ҷойи нишаст мизу курсӣ таъмин карда шуд. Имрӯз 500 адад мизу курсӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба мо дастрас шуд. Рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар мерасад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимие, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин карда шаванд. Нақша дорем давоми соли равон бо дастгирии соҳибкорон мактабро бо компютер низ таъмин намоем»,- иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода.
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 27 899 нафар хонанда таҳсил менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассисаи таълимии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
АКС: хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






