Ба муассисаҳои таълимии Мастчоҳ 1600 адад мизу курсӣ дастрас карда мешавад

Декабрь 12, 2021 08:18

ДУШАНБЕ, 12.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ барои 3200 ҷойи нишаст ба миқдори 1600 адад мизу курсӣ кумак расонида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

500 адад мизу курсӣ 9 декабр ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни тақсими мизу курсиҳо ба масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки дар навбати аввал он муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъмин карда шаванд.

«Бо дастгирии бевоситаи роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаҳои таълимии ноҳия барои 3200 адад ҷойи нишаст мизу курсӣ таъмин карда шуд. Имрӯз 500 адад мизу курсӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба мо дастрас шуд. Рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар мерасад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимие, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин карда шаванд. Нақша дорем давоми соли равон бо дастгирии соҳибкорон  мактабро бо компютер низ таъмин намоем»,- иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 27 899 нафар хонанда таҳсил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду  муассисаи таълимии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

АКС: хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Декабрь 12, 2021 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд