Ба ниёзмандони ноҳияи Ёвон 33 аробаи маъюбӣ тақдим гардида, ба ятимон туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд

Декабрь 31, 2021 10:04

ЁВОН, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Соли нави мелодӣ аз ҷониби масъулин ба 195 нафар ятимони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз сарулибоси гарм,  пойафзолу шириниҳо иборат буданд, тақдим гардида, барои болидарӯҳии ятимон дар ошхонаи муассиса дасторхони идона ороста шуд. Дар ин бора директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон Нуқра Ҳусейнова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

 Ҳамчунин дар доираи ин ҷашн бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 20 адад аробачаҳои маъюбӣ ва бо дастгирии  Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13 адад аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ гардида, ба маъюбони ноҳия  дастрас намуданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳия рафта, бо бошандагони ин даргоҳи умед суҳбати гарму самимӣ оростанд ва ба ҳар бошандаи Хонаи пиронсолон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим намуданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра ниёзмандонро аёдат намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ доданд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 31, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад