Ба ниёзмандони ноҳияи Ёвон 33 аробаи маъюбӣ тақдим гардида, ба ятимон туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
ЁВОН, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли нави мелодӣ аз ҷониби масъулин ба 195 нафар ятимони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сарулибоси гарм, пойафзолу шириниҳо иборат буданд, тақдим гардида, барои болидарӯҳии ятимон дар ошхонаи муассиса дасторхони идона ороста шуд. Дар ин бора директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон Нуқра Ҳусейнова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳамчунин дар доираи ин ҷашн бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 20 адад аробачаҳои маъюбӣ ва бо дастгирии Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13 адад аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ гардида, ба маъюбони ноҳия дастрас намуданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳия рафта, бо бошандагони ин даргоҳи умед суҳбати гарму самимӣ оростанд ва ба ҳар бошандаи Хонаи пиронсолон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим намуданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра ниёзмандонро аёдат намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ доданд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






