БА ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР»: Имсол Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо таҳти шиори «Кӯҳҳо ва туризми устувор» таҷлил мегардад

Декабрь 11, 2021 08:24

ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 10 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва қариб 20 фоизи аҳолии кураи Замин  дар баландиҳои зиёда аз 1000-2000 метр аз сатҳи баҳр ва зиёда аз он дар минтақаҳои баландкӯҳи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ менамоянд. Имрӯз, 11 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо /International Mountain Day/ таҷлил мегардад. Ин сана бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ моҳи январи соли 2003 сабт гардида, бо қатъномаи A/RES/57/245) маъмул аст.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо қаблан  соли 1992 дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд, вақте ки рӯзномаи  асри 21 қабул карда шуд, боби 13-и он «Истифодаи оқилонаи экосистемаҳои осебпазир: рушди устувори кӯҳҳо» дар таърихи кӯҳистон марҳилаи муҳим гардид. Ва таваҷҷуҳи бештар ба нақши кӯҳҳо Ассамблеяи генералиро водор сохт, ки соли 2002-ро Соли байналмилалии кӯҳҳо эълон намояд. Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки дар ин рӯз дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо баргузор кунанд, то таваҷҷуҳ ба мушкилоти рушди манотиқи кӯҳистонии сайёра ва зарурати расонидани кумак ба аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кураи Замин ҷалб гардад. Дар Қатънома аҳамияти хоссаи чорабиниҳое, ки ба рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ нигаронида шудаанд, махсус таъкид гардидааст.

Аз чор як ҳиссаи сайёраи Заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд

Кӯҳҳо тақрибан аз чор як ҳиссаи сатҳи хушкии Заминро ишғол карда, дар пешрафти сайёра дар cамти рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд ва дар онҳо беш аз 20 фоизи аҳолии сайёра зиндагӣ мекунанд. Онҳо на танҳо манбаи зиндагӣ ва некӯаҳволии қариб 1,1 миллиард аҳолии минтақаҳои кӯҳистонро таъмин мекунанд, балки ба миллиардҳо нафароне, ки дар ҳамвориҳо зиндагӣ менамоянд, таъсири мусбат мерасонанд.

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки кӯҳҳо мамнуъгоҳи бисёр навъҳои нодири наботот ва  ҳайвонот, манбаи оби тамоми дарёҳои асосии кураи Замин мебошанд. Кӯҳҳо экосистемаҳои осебпазири дорои аҳамияти глобалӣ ҳамчун манбаи аксари захираҳои оби тозаи ҷаҳон, макони зисти гуногунии нодири биологӣ ва мероси ғании фарҳангӣ, макони маъмули фароғат, сайёҳӣ ва кӯҳнавардианд.

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо мавзӯе муайян карда мешавад, ки дар доираи он маводи иттилоотӣ таҳия ва барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар тӯли солҳо шиорҳои Рӯзи кӯҳҳо «Сулҳ: калиди рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ», «Туризми кӯҳӣ: чӣ гуна бояд онро барои мардуми камбизоат истифода намуд», «Амнияти озуқаворӣ дар кӯҳистон», «Идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар кӯҳҳо», «Ақаллияти кӯҳистонӣ ва мардуми бумӣ», «Кӯҳҳо: Калиди ояндаи устувор», «Фарҳанги кӯҳистон: гуногунӣ ва ҳувият», «Кӯҳҳои зери хатар: иқлим, гуруснагӣ, муҳоҷират», «Аҳамияти кӯҳҳо», «Кӯҳҳо ва ҷавонон», «Кӯҳҳои гуногунии биологӣ» таҷлил гардиданд ва имсол Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо таҳти унвони «Кӯҳҳо ва туризми устувор»         ҷашн гирифта мешавад.

Тоҷикистон ту саросар кӯҳсорӣ…

Тоҷикистон — мазҳари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз,
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.

Чунин фармудааст Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ.

Воқеан Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор аст. 93 фоизи қаламрави кишварамонро кӯҳҳо иҳота намудаанд.

Тоҷикистон диёри кӯҳҳои баланд ва қуллаҳои осмонбӯс аст,  кӯҳҳои Помирро беасос «Боми Ҷаҳон» ном намебаранд. Пайдоиши кӯҳҳои Тоҷикистон — Помир, Олой, Фон, Ҳисор, Зарафшон, Туркистон  таърихи куҳан дошта, ба радифи кӯҳҳои ҷавон дохил мешаванд. Қисми зиёди кӯҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда, дар онҳо боигариҳои табиӣ, назири тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд. Инчунин  бартарияти дигари кӯҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хеле зебою дилкаш ва назаррабоянд. Ин аст, ки зебоии  нотакрори табиати биҳиштосои кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, хусусан кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир  таваҷҷуҳи  ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

Кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффои кишвар ва минтақаи Осиёи Марказиро ташкил дода,  аз об шудани барфу пиряхҳои кӯҳҳо дарёҳои кишвар — Вахш, Сирдарё ва Панҷ сероб мегарданд. Нисфи кӯҳҳои Тоҷикистон аз 3000 метр баландтар буда,  дар онҳо гоҳ-гоҳ растаниву ҳайвонот вомехӯранд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии  7495 метр баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Тоҷикистон ва дар ҷаҳон яке аз баландтарин қулла мебошад. Кӯҳҳои Помир  дарозиашон 800 км  ва  5000-7000 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, асосан аз  кӯҳҳои бе растанӣ ва сангҳо иборатанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда сарчашмаи дарёи Омуро  ташкил медиҳанд. Соли 2019 кӯҳҳои Помири  Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Тоҷикистон имкон дорад аз сайёҳии кӯҳнавардӣ буҷеташро ғанӣ гардонад

«Тоҷикистон дар радифи кишварҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳнавардӣ даромади зиёд ба даст орад,  зеро  кишвари мо, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳҳо ташкил медиҳанд, бо табиати зебою нотакрораш  қалби садҳо сайёҳони хориҷӣ, хусусан кӯҳнавардони ҷаҳонро тасхир  намудааст», мегӯяд мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Қурбонзод.

Мавсуф афзуд, ки ҳамасола садҳо сайёҳони кӯҳнавард ба сарзамини Тоҷикистон омада,  аз зебоиҳои дилфиреби қулласорон ва табиати биҳиштосои кишварамон  ҳаловат мебаранд.

Бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади  рушди соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидаанд, дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ки барои сайёҳон ҷолиби диққат мебошанд, меҳмонхонаҳои хурд – ҳостелҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бунёд карда шудаанд.  Ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат «Барномаи  рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020»  қабул гардида буд, ки ба рушди сайёҳӣ, хусусан кӯҳнавардӣ мусоидат намуд.

Кӯҳнавардон ҳамасола барои фатҳи қуллаҳо ба Помир меоянд

Инчунин ҳамасола моҳҳои июл-август дар кӯҳҳои Помир барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки баландиаш 7 ҳазору 495 метрро ташкил медиҳад, экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардон гузаронида мешавад, ки сайёҳон-кӯҳнавардони хориҷӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон-  Русия, Амрико, Шветсия, Фаронса иштирок мекунанд. Абдукарим Қурбонов афзуд, ки бо назардошти кишвари кӯҳсор будани Тоҷикистон қариб 80 фоизи  ширкатҳои сайёҳии  мамлакат  хатсайрҳои худро ба рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ нигаронидаанд. Дар Тоҷикистон мавзеъҳои зебоманзар, ба мисли Ҳафткӯл, Сари Хосор, Гармчашма,   Искандаркӯл, Хоҷа –Оби Гарм ва дигар ёгориҳои таърию бостонӣ мавҷуданд, ки   бештари сайёҳони хориҷӣ-кӯҳнавардон   тавассути автомобилҳои кӯҳгард дар мавзеъҳои  кӯҳсор сайругашт менамоянд. Инчунин аз дучархаҳо низ истифода мебаранд. Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари кӯҳнавардон низоми дастрасӣ ба  раводиди электронӣ ҷорӣ намудааст.

Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ ва сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари  сайёҳон–кӯҳнавардон ба кишварамон аз тамоми имконияту шароити мусоиди туристии сарзаминамон истифода намуда, ҷиҳати паҳн намудани иттилоот ва маҳсулоти туристӣ ва дар ин замина муаррифии дастовардҳои сайёҳии кӯҳнавардии Тоҷикистон ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар Олмон,  Русия, Узбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб  ва дигар кишварҳои ҷаҳон доир мегарданд, фаъолона иштирок менамоянд. Иштирок дар чунин намоишгоҳҳои сайёҳӣ барои муаррифии бештари имконияти бахши сайёҳии мамлакат, хосса кӯҳнавардӣ  мусоидат менамояд.

Инчунин барои донишҷӯёни бахши сайёҳии донишгоҳҳои мамлакат ва сокинони маҳаллӣ омӯзишҳо ҷиҳати  муошират  ва хизматрасонӣ ба сайёҳон-кӯҳнавардон ва дар ин замина омода намудани роҳбаладон гузаронида мешавад. Ин раванд қадами муҳимест ҷиҳати рушди сайёҳии  кӯҳнавардӣ ва тақвияти мавқеъ ва нуфузи сайёҳии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои минтақа  ва ҷаҳон.

Сайёҳон шефтаи фарҳанги зисту рӯзгори сокинони кӯҳистон гардидаанд

Мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, ки асосан соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар заминаи захираҳои табиӣ ва иқлими нотакрор рушд меёбад. Тоҷикистон  кишвари кӯҳистон буда, баландии кӯҳҳояш аз сатҳи баҳр дар нуқтаи пасттарин 300 метр ва дар нуқтаи баландтарин 7495 метрро  ташкил медиҳад. Сайёҳон имкон доранд, ки дар баробари истифодаи хизмати меҳмонхонаҳо боз дар ҷараёни омода кардани таомҳо ва пироҳанҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дар ҷашну маросими сокинони кӯҳистон иштирок намуда, бо фарҳанги зисти сокинони минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.

Ташрифи сайёҳони хориҷӣ, хусусан кӯҳнавардон ба минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кӯҳистон  заминаи мусоид фароҳам меорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки новобаста аз шакли саёҳат сайёҳон ҳангоми бозгашт ба ватани худ таассуроти рангини худро ба дӯстону наздикон нақл мекунанд ва ин омил боиси ҷалби сайёҳони дигар аз ҷониби сайёҳи аллакай омада дар ин замина муаррифӣ гаштани захираҳои сайёҳии мамлакат, хусусан минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ  мегардад.

Дар Тоҷикистон сайёҳии кӯҳию экологӣ рушд намудааст

Абдукарим Қурбонзод ҳамзамон гуфт, ки сайёҳии кӯҳӣ нисбат ба дигар соҳаҳои фаъолияти сайёҳӣ соҳаи афзалиятнок ва пешқадам маҳсуб мешавад, зеро саёҳат ба мамлакатҳои кӯҳистонӣ таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон ҳамеша намуди сайёҳии фаъол,  аз қабили сайёҳии саргузаштӣ, трекинг, алпинизм, сайёҳии кӯҳӣ ва рафтингро интихоб мекунанд.

Ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдор дар  фасли тобистон барои фатҳи қуллаҳои осмонбӯси кишварамон маъракаҳои кӯҳнавардӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо садҳо нафар кӯҳнавардон аз мамолики гуногуни олам  ширкат меварзанд. Моҳи августи соли гузашта Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Қуллаҳои тоҷик» барои гурӯҳи журналистони ватанӣ ба мавзеи сайёҳию кӯҳнавардии Москвина пресс-тур ташкил намуда буд. Дар  ин мавзеъ ҳамчун лагери сайёҳии кӯҳӣ барои дӯстдорони саёҳати кӯҳнавардӣ инфрасохтор ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имкони қабули зиёда аз 100 нафар саёҳаткунанда дар як вақт мавҷуд мебошад. Дар панорамаи мавзеи мазкур, ки зиёда аз 4300 метр аз сатҳи баҳр баланд аст, шаш қуллаи баланду назаррабои Тоҷикистон, назири қуллаҳои «Душанбе», «Озодӣ» ва «Исмоили Сомонӣ» ба хубӣ намоён буда, дили ҳар бинандаро тасхир менамоянд. То мавзеи Москвина гурӯҳи сайёҳон тариқи автобусҳо то фурудгоҳи ноҳияи  Лахш рафта, сипас тавассути чархбол дар 20 дақиқа ба лагери сайёҳию кӯҳнавардӣ интиқол дода мешаванд.

 «Сафеддара» — макони ҷалби сайёҳон дар мавсими зимистон

Яке аз бартарияти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон- ин табиати хосаи табиии он аст, ки дар он унсурҳои сунъӣ дида намешаванд. Барои ширкатҳои сайёҳӣ захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти бештар муҳайё намудаанд. Ин омил барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш ва сайёҳӣ — лижаронӣ, рафтинг, кӯҳнавардӣ имконияти беҳтарин фароҳам меоранд. Бо назардошти миёни сайёҳони ҷаҳон машҳур гардидани минтақаҳои  рекреатсионӣ Тоҷикистон имкон дорад дар ин самт байни дигар кишварҳо ҷойгоҳи шоиста касб намояд. Инчунин дар фасли зимистон миёни иншооти қабули сайёҳон аз рӯи намудҳои фаъоли сайёҳӣ ва варзиш Базаи кӯҳии лижаронии «Сафеддара» маъруф аст. Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид, низоми содакардашудаи раводид ва реҷаи бе раводид бо як қатор давлатҳои ҷаҳон, фаъолияти беш аз 200 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду навсозии  инфрасохтори сайёҳӣ барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳии кӯҳистони кишвар бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад. Имрӯз иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ҷиҳати ташкили истироҳати хушсифат дар ҳудуди Тоҷикистон ба сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҷрибаи фаъоли пешниҳоди хизматрасониҳоро дар соҳаи сайёҳӣ истифода намуда истодаанд. Дар ин ҷода дар минтақаҳои  кӯҳистони кишвар, ки аксар мавзеъҳои сайёҳӣ дар он ҷойҳо воқеанд,  захираю имконоти бойи дохилӣ самаранок истифода мегардад. Ин омил барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сифати зиндагии аҳолии маҳаллӣ, хусусан сокинони минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.

Соли равон Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо таҳти шиори «Кӯҳҳо ва туризми устувор» таҷлил мегардад. Туризми устувор яке аз роҳҳои таъмини сокинони маҳаллӣ бо даромади иловагӣ буда, рушди сайёҳӣ метавонад ба коҳиши камбизоатӣ, эҷоди ҷомеаи фарогир расонад ва ба ҳифзи манзараҳои кӯҳӣ ва гуногунии биологӣ мусоидат намояд, зеро сайёҳии экологӣ роҳи муассири ҳифзи мероси фарҳангию маънавӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ мебошад.

Тибқи омор, 15-20 фоизи тамоми хизматрасониҳои сайёҳии ҷаҳон ба минтақаҳои кӯҳистонӣ алоқамандии зич дорад.

         Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Декабрь 11, 2021 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад