Барқарорсозии “Девонасой” дар Кӯлоб аз ҷониби ҶДММ «Хайри неъмат» муташаккилона ҷараён дорад
КӮЛОБ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру барқарорсозии сойи «Девонасой» дар Кӯлоб аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайри неъмат» идома дошта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Тавре муҳандиси ширкати сохтмонӣ Амирхон Абдураҳмонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сойи мазкур солҳои тӯлонӣ тоза карда нашуда буд ва сокинон ду паҳлӯи соҳили онро ғасб карда гирифтаанд. Аз ин рӯ корҳои таъмирӣ дар ин сой хеле мушкил гардидааст.
Новобаста ба ин кормандони ширкати сохтмонии «Хайри Неъмат» бо истифода аз техникаю механизмҳои дар ихтиёрдошта тавонистанд 1380 метри дохили онро дар паҳноии сеюним метр тоза намоянд. Дар ин масофа инчунин ба сохтмони пулҳои мошингузар ба дарозии 12 ва паҳноии 8 метр шурӯъ намуданд. Дар кори сохтмони пулҳо сохтмончиёни ботаҷриба ҷалб шуда, беҳтарин масолеҳи сохтмонии ватанӣ истифода мешавад.
Ба гуфти роҳбари ҶДММ «Хайри Неъмат», соҳилҳои «Девонасой» дар масофаи 1380 метр пурра бо оҳану бетон мустаҳкам карда мешаванд. Ин омил барои пешгирӣ аз офати табиӣ мусоидат менамояд. Корҳои таъмиру сохтмонӣ то саршавии боронҳои сели баҳории соли 2022 анҷом дода мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки баъди боришу боронҳои сел дар моҳи майи соли равон маҷрои об дар ин сой баланд гардида, соҳилҳоро рахна намуда буд, ки ба талафоти ҷонӣ ва молу амволи шаҳрвандон оварда расонид.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






