Барномаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш барои солҳои 2021-2025 баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба муаррифии лоиҳаҳои такмилёфтаи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш барои солҳои 2021-2025 мизи гирд доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ» хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини Директор ва иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Хуан Ҷи (Анҷи) Ли, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш, вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ҷонибҳои манфиатдор иштирок мекунанд.
Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор бо дарназардошти масъалаҳои ворид кардани ғизои солим, ғизои мактабӣ, тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравии ноҳияҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо коршиносони Ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ” бо дастгирии молиявии Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ такмил дода шуда, таҳия гардидаанд.
Дар ҳамоиш баррасии муаррифии масъалаҳои натиҷаҳои фаъолият оид ба такмили барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш бо дарназардошти масъалаҳои ғизои солим, ғизои мактабӣ, тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ, ҳамгироӣ ва маҳалликунонии (локализатсияи) Ҳадафҳои рушди устувор дар барномаҳои рушди ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш барои солҳои 2021-2025 дар назар аст.
АКС аз бойгонии АМИТ “Ховар”








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






