Бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии ҷарроҳию табобатии №1-и Хуҷанд навсозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои таҷдиду навсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ҷараён доранд. Бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири куллӣ бароварда нашудааст. Дар бино шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳиҳои фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 230 кати табобатиро барои беморон фаро мегирад.
Сохтмони мазкур аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дошта, беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду навсозӣ дар бинои асосии беморхона шинос гардид. Мавсуф ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ дастур дода, зикр намуд, ки даромади асосӣ ба макони орому осоишта ва зебою мунаввар тадбил дода шавад.
Ҳамчунин барои беморону корафтодагон шароити мусоиду замонавӣ баҳри муоилаву дидорбинӣ муҳайё карда шавад.








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






