БМТ: Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тақозои замон аст
ДУШАНБЕ, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бо роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ва иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатие, ки ба аҳолӣ хизматрасонии пулакӣ пешниҳод менамоянд, доир гардид.
Тавре аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Моҳбону Накҳатзода бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки Сарвари давлат зимни таҳлили фаъолияти низоми бонкии кишвар бори дигар зарурати гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро таъкид намуданд, ки ин масъулияти ниҳодҳои давлатиро дар самти иҷрои босамар ва саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 30 ноябри соли 2018 дучанд менамояд.
Зикр гардид, ки баҳри иҷрои самараноки қарори мазкур аз оғози соли 2019 бо иштироки масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои дахлдор ва ташкилоти қарзии молиявӣ дар БМТ якчанд ҷаласаҳои гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявӣ масъалаҳои иҷрои қарори зикргардида, корҳои иҷрошуда ва нақшаҳо барои оянда муҳокима карда шуданд.
«Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявӣ пардохти якчанд хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардиданд»,-зикр кард Моҳбону Накҳатзода.
Ҳамин тавр, пурзӯр намудани заминаи техникӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, тақвияти корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО оид ба имконияти қабули ғайринақдии пардохтҳои давлатӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, тарғиби истифодаи QR-рамзҳо, созмон додани экосистемаи боэътимоди пардохтҳои рақамӣ ва дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёфтани иқдоми мазкур аз ҷумлаи чораҳое номбар гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои босамари қарори мазкур минбаъд бояд амалӣ карда шаванд.
АКС аз Бонки миллӣ








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид






