БОЗДОШТИ ФАВРӢ. Милитсияи шаҳри Душанбе зани кӯдакраборо дастгир кард
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди 2-моҳа дар ҳудуди Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ дармонгоҳи №1) ворид гардид. Бо расидани хабар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандони самтҳои фаврию тафтишотӣ ва криминалистика сафарбар гардида, гумонбаршавандаро берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир карда, кӯдаки навзоди 2—моҳаро саломат дарёфт намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.
Гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 3 июли соли 1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, зимни қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудани модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.
Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда Нигора Ахмедова тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноят ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишӣ идома доранд.
АКС: РВКД дар шаҳри Душанбе








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






