Бозингарони дастаи «Хуҷанд» пас аз ғалаба бар дастаи «Истиқлол» Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро болои сар бардоштанд

Декабрь 9, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и  шаҳри Хуҷанд  бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳузури  шумораи  зиёди мухлисони футболи тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон. 

Дар  ин бозии ҷолиб дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0   дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мағлуб намуда,   баъди чандин соли инитзориҳо билохира ба унвони Ҷоми Тоҷикистон-2021 сарфароз гардид. Дар ин рақобати ҳассос ғолиб дар вақти асосӣ муайян нашуд. Дар қисмҳои иловагӣ футболбозони дастаи «Хуҷанд» ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105-ум Ҳоҷибой Зиёев ба нишон  расонид. Дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк голи дуюмро вориди дарвозаи  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  намуд.   Бо ҳамин дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардид.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба —солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд шаш  маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017  ва 2021 ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

9 декабр (панҷшанбе)

 «Истиқлол» — «Хуҷанд» 0:2

Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 105 (0:1). Артём Сердюк, 117 (0:2).

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

                                                              АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 9, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид