Чаро тарифҳои 13 сол тағйирнаёфтаи «IRS» 7 фоиз афзуданд?

Декабрь 27, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шурӯъ аз 1 январи соли 2022 тарифҳои тағйирёфтаи гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «ДушанбеЧаноқ» мавриди истифода қарор мегиранд. Собиқ Вазири нақлиёти мамлакат, ҳоло муовини директори «IRS»  оид ба нигоҳдории роҳ Худоёр Худоёрзода  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо 25 далели асоснок  зарурати ин корро  шарҳу тавзеҳ дод.

 Сараавал бояд эътироф кунам, ки дар оғози фаъолият аз онҳое будам, ки дар баъзе маврид «IRS»-ро танқид мекардам. Аммо баъдтар назарам нисбат ба ширкати зикршуда мусбат гардид. Чаро? Зеро ба сифати вазири нақлиёт ва айни замон ҳамчун муовини директор  оид ба нигоҳдории роҳ боварӣ ҳосил намудам, ки бе «IRS» дар сатҳи хуб нигоҳ доштани роҳи Душанбе — Чаноқ ғайриимкон аст.

Мехоҳам як нуктаи муҳимро  таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ  пурра барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми 13 сол собит шуд, ки ки  пулакӣ кардани ин роҳ тадбири  оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл  дорад.

Афсус, ки баъзеҳо аз маърифати молиявии аҳолӣ суиистифода карда, иқдоми мазкурро таҳриф (интерпретатсия) намуда истодаанд. Барои мисол, дар ҳоле ки афзоиш ба ҳисоби миёна, бо назардошти 358 километр роҳ 7 фоиз аст, ин тоифа бо 50-70 фоиз арзёбӣ намудани он, мардумро гумроҳ намуданианд.

Лозим донистам, ки  сабаб ва омилҳои зиёдшавии тарифҳои гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ”-ро якумин маротиба баъд аз 13 сол  мухтасар шарҳ диҳам:

  1. Қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки дар давоми солҳои 2009 – 2021, яъне 13 сол, новобаста аз зарурат, “IRS” ягон маротиба тарифҳои худро боло набардоштааст.
  2. Барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум — мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали Ширкат далели он аст аст, “IRS”  гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баракс бошад…
  3. Фарқи зиёди қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ, ки бо ин намуди асъор “IRS” зиёда аз 78 фоизи маводу маҳсулот, аз ҷумла техникаву механизмҳои роҳдорӣ, маҳсулоти нафтӣ, таљњизоти замонавии соњаи технологияи информатсионї ва ѓайраро  харидорї менамоем, боиси зарари молиявӣ ба филиали Ширкат гардид. Барои мисол, соли 2009 қурби як доллари ИМА 3,4500 сомониро ташкил медод. Айни замон бошад, ин нишондиҳанда ба 11,3000 расидааст.
  4. Дигар омиле, ки ба зиёдшавии нарх таъсир мерасонад, сатҳи таваррум аст. Агар сатҳи таваррумро раддабандӣ намоем, он соли 2009 5 фоиз,  2010  — 9,80 ,  2011 — 9,30,   2012 — 6,40,   2013- 3,70,   2014 – 7,40,  2015 – 5,10,  2016 – 6,10,   2017 – 6,70,   2018 – 5,40,   2019 – 8,00,    2020 – 9,40 ва соли  ҷорӣ  9,40 фоизро ташкил дод. Тибқи муқарарот, бояд вобаста ба болоравии сатҳи таваррум ҳамасола тарифҳо намоябандӣ (индексация) шаванд. Вале “IRS”  дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративии  худ дар давоми 13 сол аз ин кор худдорӣ намуд.
  5. Сабаби дигаре, ки хароҷоти филиали Ширкатро зиёд намудааст, сол то сол аз меъёр зиёд таъмирталаб шудани роҳ ва ба итмом расидани муҳлати истифодаи инфрасохтори  он мебошад. Аз аввали фаъолият “IRS”, ки баъзе “дӯстон” рисолати филиали онро  танҳо “пулчинӣ” медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ шурӯъ карда, дар давоми  13 сол “IRS” зиёда аз 2 миллион  метри квадратии роҳи Душанбе – Чанокро таъмиру азнавсозӣ карда,  бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кард.
  6. Аҳамияти роҳи Душанбе — Чанок ба сифати пойгоҳи асосӣ барои таъмини фаъолнокии иқтисодии мамлакат низ зиёд аст. Барои мисол, солҳои 2009 – 2018, замони мавҷудияти маҳдудияти марзӣ тамоми молу мавод ва маҳсулот тавассути ин роҳ интиқол дода мешуд. Аз ин бармеояд, ки ин роҳи моҳияти стратегидошта дар раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.
  7. Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии Давлат бо вуҷуди он ки барои маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, барои гузариши нақлиёти гаронвазне, ки ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ангишт мекашанд, чунин маҳдудият ҷорӣ нашуд. Ҳол он ки ин иқдом боиси осеб дидани масофаи зиёди роҳ ва хароҷоти бениҳоят зиёди “IRS” гашта истодааст. Бо ин амал  “IRS”  дар омодагӣ ба зимистонгузаронии сокинони пойтахт  то андозае мусоидат намуд.
  8. Аз маълумоти воситаҳои ахбори омма, сомонаи филиали Ширкат ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хулоса кард, ки ҳолати он хеле беҳтар аст. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе – Чанок нигоҳубини 24 соатро талаб менамояд. Ҳамчун мутахассис мегӯям, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилиҳои зиёд рӯйи кор меоянд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони “IRS” ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омодани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.
  9. Нуқтаи дигаре, ки қобили зикр аст, бамаротиб боло рафтани нархи тамоми молу маҳсулот ва мавод мебошад. Барои мисол, арзиши бензин аз 3 сомонӣ ба 12 сомонӣ расид. Мутаассифона баъзеҳо, ки бо вуҷуди чандон хуб набудани вазъи иҷтимоӣ, мошинҳои гаронарзиш доранд, 4 баробар (400 фоиз) қиматшавии маводи сӯзишвориро   амри табиӣ медонанд. Вале ба ҳисоби миёна 7 фоиз зиёда шудани тарифҳоро дар давоми 13 сол муғризона шарҳ медиҳанд.
  10. Дар давоми солҳои 2013 -2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ  «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр) бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали Ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳмияти стратегидошта саҳм гузошт.
  11. Дар давоми 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 купруки ин масир бо хароҷоти оят зиёд амалӣ шуд. Масалан,  3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст,  пурра азнавсозӣ шудаанд.
  12. Ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ дар лоиҳаи он деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз  сохта нашуд “IRS” бо ташаббуси худ,  баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тулонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.
  13. Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тули 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод,  Зарафшон — 3 ,  Суғд  4 завод, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.
  14. Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами заводҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкунӣ ва гайра харидории маводи сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳамасола ҳаҷҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.
  15. Афзудани офатҳои табиӣ ва дар ин замина зиёд шудани хароҷот. Соли 2012 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 – 216444, 2015 – 190564, 2016 — 126204, 2017 779730,  2018 – 103606,  2019 —  274030,  2020 – 241374 ва соли равон 85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.
  16. Бо дарназардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чанок, коркарди он бо маводи зиддилағжиш  мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад.  Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол то сол афзуда, дар давоми 13 сол маводи зиддилағжиши харҷшуда 96466 метри кубиро ташкил медиҳад.
  17. Ҳоло “IRS” соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 210 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани ин теъдод мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир тибқи талабот роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст.
  18. Соли 2009 кормандони филиали Ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали Ширкат манбаи даромад доранд.  Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 10 корманди “IRS” ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатари истифодабарандагони роҳ ҳалок шуданд.
  19. Дигар мақсаде, ки филиали Ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8 –то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки  дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ  умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
  20. Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тули 13 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ  сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
  21. Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ хеле зиёд буда, ин роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар муддати  13 сол  хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи марбут ба соҳилмустаҳкамкунӣ 50000  метри мураббаъ аст.
  22. Нуқтаи дигаре, ки мехоҳам махсус таъкид намоям ин аст, ки зимни пешниҳоди тарифҳои нав ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шудааст. Ин иқдом на хотири ба даст овардани даромади иловагӣ, балки бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, кам намудани хороҷоти истифодабарандагони роҳ, роҳ надодани ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ гардид. Барои онҳое аз ин усул истифода мебаранд тағйири тарифҳо чашмрас нест. Далел: Дар сурати ғаринақдӣ пардохт намудани маблағ, гузариш аз плазаи толлингии Варзоб, ки то ин вақт 3 сомониро ташкил медод, ҳамагӣ 4 сомонӣ хоҳад буд. Чунин тарзи кор, ки паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад,  боис мешавад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман  аз байн равад.
  23. Далели раднопазир аст, ки фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ иваз дигар кард,   мактаби бузурги омӯзишӣ ва андӯхтани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ гардид. Аксар давлатҳои собиқ ҷамоҳири шуравӣ маҳз ба таҷрибаи филиали Ширкат, бо дарназардошти модели барои табодули таҷриба арзанда будан, пайравӣ намуданд. Рунамоии модели фаъолият аз ҷониби кормандони мо дар сомонаи филиали Ширкат қобили дарёфт аст.
  24. Замони фаъолият дар вазифаҳои масъули бахши роҳи нақлият дар ҳайрат будам, ки чаро “IRS” корҳои амалигардида ва нишондиҳандаҳои фаъолиятро тарғиб намекунанд. Вақте ба сифати яке аз роҳбарони он ба кор омадам, фаҳмидам, ки тамоми ҷаҳду талоши кормандони ширкати зикршуда танҳо ба хотири дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият нигаронида шудааст. Ба ибораи дигар, “IRS” ба тарғиб ниёз надорад, зеро фаъолияташ хеле хуб роҳандозӣ шуда, нишондиҳандаҳо назаррасанд.
  25. Нуктаи охире, ки зикр намуданашро ҷоиз медонам он аст, ки дар давоми 13 сол “IRS” ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то ҳолати роҳи Душанбе – Чанок ҷавобгӯи талабот бошад. Афсус, ки эродҳои беасос доир ба масъалаи мавриди назар  аллакай фазои сармоягузори кишварро дар робита ба нигоҳдории инфрасохтор халалдор намуда, чунин муносибат ҷолибияти сармоягузории мамлакатро тадриҷан коста мегардонад. Мо бояд сармоягузоронро ҳамчун сафирон барои ҷалби сармояи бештар ба мамлакат ва дар ин замина таъмини рушди соҳаҳо ҷалб ва арҷгузорӣ намоем.

Дар охир аз рӯи мақолаи халқии “Арзон бе иллат нест, гарон – бе ҳикмат” андешаҳои худро хулоса намуда, онро ба виҷдони шумо ҳавола менамоям…

                                                                       Файзалӣ НИЁЗОВ,
                                                                         АМИТ “Ховар”

Декабрь 27, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад