ИМРӮЗ — РӮЗИ АВВАЛИ ЗИМИСТОН. Сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр рӯзи нахустини фасли зимистон аст. Барои фаҳмидани он ки сокинони Тоҷикистонро зимистони дар пешистода чӣ гуна ҳаво интизор аст, хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила БАЙДУЛЛОЕВА ҳамсуҳбат гардид.
«Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони солҳои 2021-2022 дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ нисбатан гармтар — 1 дараҷа аз меъёр зиёд гарм ва миқдори бориш аз меъёр кам пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона моҳи декабр дар Тоҷикистон аз меъёр як дараҷа гармтар мебошад. Дар вилояти Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи ҳаво моҳи декабр 6-8 дараҷа гарм, вилояти Суғд 3-4 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо аз се дараҷа сард то 2 дараҷа гарм, дар Бадахшон 11-16 дараҷа сард пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин тибқи таҳлилҳои ҳавошиносон, моҳи декабр дар ҷумҳурӣ фаромадани туман ва вазидани шамолҳои бошиддат дар назар дошта шудааст»,-гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Дар моҳи январ, ки яке аз моҳҳои сарди зимистон ба шумор меравад, ҳарорат ва бориш дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди меъёр мебошад. Дар моҳи январ ҳарорати миёнаи моҳона дар вилояти Хатлон +1+3 дараҷа гарм, Суғд аз 0 то 2 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо -2-7 дараҷа сард ва дар баландкӯҳҳои қисмати Бадахшон -16-18 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мегардад.
Тибқи иттилои ҳавошиносони кишвар, имрӯз, 1 декабр ҳаво дар ҷумҳурӣ гарму бебориш буда, дар вилояти Хатлон шабона +3+5, рӯзона +16+18, дар Суғд шабона +3+5, рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар рӯзи аввали фасли зимистон дар Бадахшон шабона -4-2 дараҷа сард ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе шабона +2+4 ва рӯзона +15+17 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






