Дар 11 моҳ ба Тоҷикистон 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид шудааст

Декабрь 14, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардидааст. Дар ин бора  ба  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат  иттилоъ доданд.

Аз шумораи техникаи воридгардида 576 адад тракторҳо, 79 адад комбайни ғалладаравӣ, 3 адад ядаки тракторӣ, 80 адад испори тракторӣ, 10 адад мошини алафдаравӣ, 81 адад кулӯхмайдакунак (фреза), 1 адад дости трактории худгарди КСК-100, 48 адад гандумкӯбак, 1 адад култиватор, 79 адад тойбанду тагрезчин, 53 адад мотоблок, 16 адад алафдараваки тракторӣ, 50 адад дорупошак, 32 адад картошкашинонак, 16 адад картошкаканак, 16 адад култиватори картошка, 11 адад пармакунак, 20 адад тухмипошаки пахта,  32 адад алафҷамъкунак, 17 адад тухмипошаки ҷуворимакка, 94 адад  алафдараваки дискӣ  ва 4 адад алафдараваки КИР-1,5 мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҳолати 1 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27462 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77 фоизи он омодаи кор мебошанд.       Аз он 1629 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1086 адад комбайни ғалладарав, 9182 адад ядакҳои тракторӣ, 10161 адад испорҳои тракторӣ, 3372 адад култиваторҳо, 2240 адад тухмипошакҳо мебошанд.

Инчунин техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла экскаватор 107 адад, боркунак 120 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 5 адад ворид гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 51 дарсади аҳолӣ ба кишоварзӣ машғул буда, талабот ба техникаи кишоварзӣ зиёд аст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ асосан техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Русия ва Беларус истифода мешаванд.

АКС: манбаи боз

Декабрь 14, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд