Дар Ҷамоати деҳоти Ворух иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 25, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо иштироки раиси вилояти Суғд утоқи рентгени рақамӣ ва бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд.

Утоқи рентгени рақамӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағи қариб 2 миллион сомонӣ ҷиҳозонида шуда, барои сокинони ин минтақа имкон фароҳам меоварад, ки дар ҳамин ҷамоат аз ташхис гузаранд.

Бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух бо саҳми соҳибкорон сохта шуда, дорои ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи модару кӯдак ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо табибону сокинон зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолиро яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки ин соҳа чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаҷми маблағгузории соҳа марҳила ба марҳила зиёд гардида, ҳамасола садҳо иншооти замонавии тиббӣ бунёд мешаванд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 25, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд