Дар арафаи Соли нав дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Ватандор» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Ватандор» таъсис дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар асоси талаботи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оймнномаи ҳизб кормандони Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои пайвастан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ариза пешниҳод намуданд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ, ба ғайр аз раисони суд ва судяҳо дигар кормандони дастгоҳи судҳо метавонанд аъзои аҳзоби сиёсӣ бошанд.
Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ 30 декабр дар маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси муассисон ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ сухан гуфтанд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдурахим Шохиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.
Дар кори маҷлис оид ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шарвандон ибрози андеша карда шуд.
Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилоти ҳизбии “Ватандор”интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб ботантана супорида шуданд.
АКС: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






