Дар ДМТ бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прократура, намояндагони вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Раҳмон Дилшод нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуда, гуфт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Бинобар ҳамин баргузории конфронси мазкурро метавон идомаи сиёсати давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон унвон кард”.
Зикр шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқи инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.
Сипас, дар ҷаласаи пленарии ҳамоиш зиёда аз 19 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли дурнамои рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, инкишофи технологияҳои муосир ва баъзе масъалаҳои амалишавии ҳуқуқҳои корпоративӣ, ҳуқуқи инисон дар афкори башар ва ғайра пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баландро нишони Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрист.
Аз ҷониби меҳмонон изҳори боварӣ карда шуд, ки конфронси мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, иникишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзанда хоҳад гузошт. Иштирокчиён иброз доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халқият, дину мазҳаб, ранги пӯст ва дигар аломатҳои иҷтимоӣ воситае, ки сокинони сайёраро ба ҳам мепайвандад, ҳуқуқи инсон аст.
Конфронси ҷумҳуриявӣ давоми рӯз идома ёфта, кори худро дар 3 бахш ба роҳ мемонад. Дар он зиёда аз 60 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст. Мақсади таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон- ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад






