Дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба Паёми Пешвои миллат ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 23 декабр дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-паёми бахту саодати миллат” машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори бахши гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.
Доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Шарифхуҷа Ҳасанов дар машварати илмӣ-назариявӣ иброз дошт, ки “Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба сифати таҳсил дар тамоми низоми маорифи кишвар таваҷчуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ин раванд, шурӯъ аз боғчаи кӯдакон то макотиби олии кишвар тақвият бахшида шавад. Пешвои миллат бо овардани далелҳои возеҳу равшан зикр намуданд, ки маориф ва сармоягузорӣ неруи инсонӣ, самтҳои ниҳоят муҳим дар инкишофи кишвар маҳсуб меёбанд”.
Ҳамин аст, ки бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсили байналмилалӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мавқеи шоиста дорад. Чунки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ- ин ободии давлат ва Ватан мебошад.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ иброз гардидаанд, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва рақопатпазир дар бозори озоди меҳнат, донандагони таърихи халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, фаъолияти маҳфилҳои фанниро дар ин самт ҷоннок менамояд.
Дар хатми ҳамоиш ба 68 нафар донишҷӯёне, ки нимсолаи аввали соли таҳсили 2021-2022-ро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуда, донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Акс: аз Донишгоҳи давлатии Данғара








Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст






